Фарқият байни намунаҳои "Зиёдулло Шаҳидӣ"

no edit summary
х (бот: ҳазф карда истодааст)
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ
== Ҳолнома ==
Аз ҷумлаи шинохтатарин чеҳраҳои ҳунарии тоҷик аст, ки дар [[Самарқанд]]и бостонӣ дар хонаводаи ҳунарпеша, мутриби шинохтаву варзида Муқаддасхон дида ба олам кушодааст.
Соли [[1939]] ба [[Сталинобод]] (ҳоло – [[Душанбе]]) омадааст ва ба ҳайси роҳбари ансамбли тарона ва рақси [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев|Филармонияи давлатии тоҷик]] (1939-1952) кор кардааст. Ӯ аз оҳангсозони барҷастаи рус [[Александр Степанович Ленский]] ва [[Сергей Баласанян]] дарси композитсия омӯхтааст (1943-1946). Студияи миллии дусолаи назди Консерваторияи [[Москва]] (1949) ва шӯъбаишуъбаи миллии Консерваторияи мазкурро хатм кардааст. Зиёдулло Шаҳидӣ ба омӯзиши касбу ҳунар худро маъмур ҳисобид ва тадриҷан пеши хунёгарони номии [[Иттиҳодии Шӯравӣ]] дарси ҳунару маҳорат омӯхт.
Соли [[1957]] баъди хатми Консерваторияи ба номи Чайковскийи шаҳри [[Москва]] аввалин барномаи консертии худро доир кардааст, ки аз ҷониби мухлисони созу наво хуш пазируфта шудааст.
Аз нимаи дуюми солњои 60-ум Зиёдулло Шаҳидӣ бештар ба жанри симфонї мароқ зоҳир менамояд.
Охири солҳои 70-ум ва ибтидои солҳои 80-ум марҳилаи пуравҷи фаъолияти эҷодии композитор мебошад. Ӯ асарҳои калонҳаҷми достони симфонии «Ба хотираи М. Турсунзода» (1979), операи «Ѓуломон» аз рӯи асари С. Айнӣ (1979), ораторияи «Дар васфи Ленин»(1981)-ро бар шеърҳои С. Айнӣ ва М. Турсунзода эҷод мекунад.
З. Шаҳидӣ дар корҳои раёсати Иттифоқи композиторон ҳам фаъол буда, солҳои 1956-1960 ба ҳайси раиси Иттифоқи композиторон кор кардааст.<ref>Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c. 254-256</ref>
 
==Осор==
===Асарҳои саҳнавӣ===
Anonymous user