Нозирҷон Арабзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
х таҳрир
Сатри 11:
 
==Зиндагинома==
Нозир Арабзода [[20 декабр]]и [[соли 1940]] дар деҳаи [[Ашт]] дар хонадони муаллим ба дунё омадааст. Шуъбаи филологияи тоҷики Факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст (1962). Аспиранти шуъбаи фалсафаи [[Академияи илмҳои Тоҷикистон]] (1962-1965), ходими хурди илмӣ (1965-68), ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи [[Академияи илмҳои ТочикистонТоҷикистон]] (1968-1970), дотсенти кафедраи фалсафаи [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]] (1970-1994), дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (1994-1996), <ref> [http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html TavcifnomaiOmuzgoron Арабзода (Қулматов) Нозир]</ref> дотсент ва сипас профессори кафедраи адаб ва фарҳанги Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хидматхизмат (1996-1999), профессори кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии [[Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон]] (1999-2004). Дар донишгоҳҳои мазкури кишвар Нозир Арабзода аз таърихи фалсафа, аз ҷумла таърихи фалсафаи тоҷик дарс медод. Нозир Арабзода [[5 март]]и [[соли 2004]] дар Душанбе чашм ба дунё пӯшид.
 
==Фаъолияти илмӣ==
Сатри 26:
-хирадгароии фалсафии мутафаккир дар шеърро бозтоб карда, ҷойгоҳи ахлоқии суханро мавриди баррасӣ қарор додааст.
;Номи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ:
* рисолаи номзадӣ: Таълимоти ахлоқии Саъдӣ. Душанбе, 1968
* рисолаи докторӣ: Фалсафаи исмоилияи Носири Хусрав. Душанбе, 1998
 
рисолаи докторӣ: Фалсафаи исмоилияи Носири Хусрав. Душанбе, 1998
Ӯ муаллифи китобу мақолаҳои сершумори илмӣ роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои таърихи фалсафаи точик буда, пажӯҳишҳои бунёдии ӯ дар мавзӯи таълимоти фалсафии Носири Хусрав, Фахруддини Розӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ибни Сино, Ибни Ямин, Абубакри Розӣ, Насриддини Тӯсӣ, Муҳаммади Ғазолӣ ва дигарон арзиши вежа доранд. Ба қалами Нозир Арабзода беш аз 30 мақолаи илмӣ дар “Энсиклопедияи советии тоҷик” (Душанбе, 1978-1988) тааллуқ доранд, ки ба шарҳи мафҳуму масъалаҳои гуногуни фалсафӣ ихтисос доранд. Саҳми Нозир Арабзода дар таълифи китобҳои дарсии фалсафӣ низ қобили мулоҳиза аст. Аз ин қабил осор, ки ӯ дар ҳамкорӣ бо донишмандони тоҷик офаридааст, метавон “Очеркҳои таърихи фалсафа”(Душанбе, 1982) ва“Фалсафа”-ро зикр намуд. Ғайр аз навиштани мақолаю рисолаҳои илмӣ, ӯ дар таълиф, таҳрир ва тарҷумаи китобҳои дарсӣ ва васоити таълим саҳм гузошта, муаллифи барномаҳои дарси фалсафа ва таърихи фалсафаи тоҷик мебошад.
== Осор ==