Сиёҳдона: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Created by translating the page "Чернушка посевная"
 
илова шуд - Оростагиҳо; Адабиётҳо.
Сатри 4:
Ватани сиёҳдона — Ҷануб-ғарбии Осиё ва Минтақаи Баҳри миёназамин аст. Айни замон дар Баҳри миёназамин, ниҷазираи Балкан, Қафқоз, Осиёи Хурд мерӯяд.
 
== Хосиятҳо ==
=== Табъ ===
Андар дараҷаи севвум гарми хушк аст.
===Хосиятҳо===
Тез, буррандаи балғам аст ва зудоянда буда, бодҳо ва дамишро ҳал ва танро бағоят пок кунад.
=== Оростагӣ ===
Озахҳои сарнагун, холҳо, баҳак ва хусусан барасро бирезонад.
=== Омосҳо ва табишҳо ===
Сиёҳдонаро бо сирко бар табишҳои ширӣ ниҳанд. Он омосҳои балғамӣ ва сахтро ҳал кунад.
=== Решҳо ===
Онро бо сирко бар решҳои балғамӣ ва гари решшуда биниҳанд.
=== Андомҳои сар ===
Сиёҳдонаро хусусан агар бирён карда, андар пораи катон бигиранд, аз зуком суд бахшад. Онро бар пешонии касе, ки сардарди сард дошта бошад, тило кунад. Агар онро шаб андар сирко тар кунанд ва пагоҳи совида, андар бинӣ кунанд ва ё ба бемор бидиҳанд, то ба бинӣ бикашад, аз дардҳои деринаи сар ва аз лақва суд бахшад. Сиёҳдона яке аз доруҳоест, ки суддаҳои устухони полояндаро сахт бикушоянд. Бо сирко ва хусусан бо чӯби санавбар ҷӯшонидаи онро агар мазмаза кунанд, аз дарди дандонҳо судманд бошад.
=== Андомҳои чашм ===
Агар совидаи онро бо равғани бехи савсани осмонгун ҳангоми ибтидои фурӯд омадани об андар бинӣ кунанд, онро суд бахшад.
=== Андомҳои нафаскашӣ ===
Агар онро бо натрун биошоманд, аз росто нафас гирифтан суд кунад.
Андомҳои ронанда: Сиёҳдонаро ҳатто агар бар ноф тило кунанд, кирмҳо ва кирми кадудонаро бикушад ва агар як чанд рӯз истеъмол кунанд, хуни ҳайзро битозонад. Онро бо ангубин ва оби гарм аз барои санги обгаҳ ва гурда бидиҳанд.
=== Табҳо ===
Табҳои балғамӣ ва хусусан савдовиро ҳал карда, онҳоро нест кунад.
=== Заҳрҳо ===
Аз дуди он ҷунбандагони зиёнкор бигурезанд. Гурӯҳе ба таъкид гуфтаанд, ки бисёр истеъмол кардани он марговар аст. Агар аз он ба қадри як драхмӣ биошоманд, аз газидагии ғунда судманд бошад.
 
== Адабиётҳо ==
Шаҳобуддинов С. Абӯаои ибни Сино: Қонуни тиб китоби 2// Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон//Сарредаксияи илмии энсиклопедияи советии тоҷик - Душанбе 1991
[[Гурӯҳ:Растаниҳо аз рӯи алифбо]]