Исм (дастури забон): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 17:
 
[[6.Исмҳои танҳо ва ҷамъ.]]
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
===Исмҳои муайян ва номуайян===
Исм дорои категорияи сарфии муайяниву номуайянӣ мебошад,ки воситаи асосии ифодаи он артикли ''-е'' ба шумор меравад: ''Гурӯҳе мерафтанд, гурӯҳе меомаданд'' (Икромӣ). Дар ин вазифа калимаи як ҳамчун муродифи артикли ''-е'' истифода мешавад, яьне исмҳое, ки бо калимаи як меоянд, на танҳо ягонагии ашё, балки номуайянии онро ҳам ифода мекунанд: ''Як шаб...Абдусаттор аз ҳавлиаш барои гӯштхарӣ баромад...''(Айнӣ). Дар ифодаи номуайянӣ инчунин калимаҳои ''ягон, ҳеҷ, кадом'' истифода мешаванд:Ин тавр бошад, ''ягон рӯзи таътил ӯро ба ҳуҷраи ман гирифта биёр!'' ''Аз рӯзи омадагиаш ҳеҷ кор накардааст'' (Икромӣ). ''Кадом як китоберо ба зери сараш монда хоб кардааст'' ("Садои Шарқ").
===Исмҳои танҳо ва ҷамъ===
Аломати грамматикии шумораи ҷамъи исм пасвандҳои ҷамъбандии тоҷикии ''-ҳо'', ''-он'' ( ''-ён'', ''-гон,'' ''-вон'' ) ба шумор мераванд : ''духтарҳо, хонаҳо, падарон, нависандагон, бонувон'' ва ғ. Инчунин шакли солими ҷамъи арабӣ, ки ба забони тоҷикӣ дохил шудааст, ба воситаи пасвандҳои ''-от'', ''-ин'' ва шакли ҷамъи шикаста бо ёрии флексияи дохилӣ ба амал меояд: ''деҳот , сабзавот , навиштаҷот , муаллимин,ашхос (шахсҳо), атроф (тарафҳо), атфол (тифлҳо), ҳаводис (ҳодисаҳо)'' ва ғ.
 
==Калимасозии исм==
Исмҳо аз ҷиҳати таркиби сарфиашон сода, сохта, мураккаб ва омехта мешаванд.