Таб: Тафовут байни таҳрирҳо

3 байт илова карда шуд ,  8 сол пеш
хулосаи таҳрир нест
Content deleted Content added
Ibrahim (баҳс | ҳисса)
No edit summary
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 3:
Т. сироятӣ ва ғайрисироятӣ мешавад. Т.-и сироятӣ дар натиҷаи ба организм таъсир намудани токсин (заҳр) ва маҳсули мубодилаи микробу вирусҳо, лат хӯрдани бофтаҳо, нобуд шудани лейкоситҳо ва ғ. ба вуҷуд меояд. Т.-и ғайрисироятӣ бошад, ҳангоми осеби гипоталамус, хунгузаронӣ ва ғ. пайдо мешавад.
 
Таб рӯзамарра, шифоӣ (таби сунъие, ки барои дармони дарде ба амал меоранд), сеяка (Табе, ки баъди хуруҷи он 1 – 2 рӯз давраи бетаб давом мекунад), беҳолкунанда (табе, ки дар мавриди он тағйири шаборӯзии ҳарорат аз 10 зиёд аст, вале ҳарорати минималӣ ба ҳаддӣ эътидол намерасад), сӯзон (Табе, ки ҳангоми он ҳарорати бадан аз 40,50 зиёд мешавад), нифосӣ (бемории уфуние, ки баъди таваллуд дар занҳо воқеъ мегардад), намакӣ (ҳангоми ба организм бисёр дохил шудани [[намаки ош]] рӯй медиҳад), ғизоӣ (дар тифлони ширмак ҳангоми истеъмоли хӯроки ба синни онҳо номувофиқ ба амал меояд), сафедавӣ (дар натиҷаи ба бадан гузарондани сафедаи бегона рух медиҳад) ҳам мешавад. Одам ҳангоми як қатор бемориҳои хун, аллергӣ ва эндокринӣ низ Т. мекунад.
 
Умуман, Т. реаксияи барои организм муфид бошад ҳам, дар баъзе ҳолатҳо ба он таъсири бад мерасонад. Агар Т. ниҳоят баланд шавад, фаъолияти аъзову системаҳои гуногун, мас., системаи асаб ([[дарди сар]], сарчархзанӣ, тирашавии ақл), системаи [[дил]]у [[раг]]ҳо ва нафаскашӣ (тез шудани кори дил, набз) ва мубодилаи моддаҳо вайрон шуда, пешоб кам мегардад. Дараҷаи баланд шудани ҳарорат ба «вояи» пироген вобаста буда, одатан аз 40,5 – 410С боло намеравад. Бояд дар хотир дошт, ки Т.-и навзодон ва одамони солхӯрда суст зоҳир мегардад.
Сатри 17:
#. Таби нодуруст (febris atypica): баланду паст гаштани ҳарор. бадан ягон қонунияти муайян надорад; ҳангоми тарбод, пневмония, исҳоли хунин, грипп, бемориҳои омосӣ ва ғ. мушоҳида мешавад.
#. Таби таҳрифшуда (febris inversa): ҳарор. пагоҳирӯзӣ нисбат ба ҳарор. бегоҳирӯзӣ баланд аст; зимни бемории сил, уфунати бардавом, бемории вирусӣ, ихтилоли танзими ҳарорат ба назар мерасад.
Каҷхати ҳарорат дар варақаи ҳарорат қайд карда мешавад. Тарзи каҷхати ҳарорат барои ташхис ва пешгӯии беморӣ муҳим аст.
 
== Навъҳои таб ==
Anonymous user