Наимҷон Назирӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 1:
'''Наимҷон Назирӣ'''— шоири тоҷик.
Наимҷон Назирӣ [[20 август]]и [[соли 1936]] дар шаҳри бостонии [[Ӯротеппа]] — [[Истаравшан|Истаравшани]] кунунӣ ба дунё омадааст. Исми хонаводагиаш— Аслонов. Тахаллусашро аз номи бобои модариаш гирифтааст. Ӯ таҳсилоти миёнаро дар мактаби ба номи Горкийи шаҳри [[Ӯротеппа]] бардошта, [[соли 1954]] роҳи [[Сталинобод|Сталинободро]] пеш гирифт. Ва панҷ сол дар факултаи таъриху филологияи [[Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон]] таҳсил намуд. Фаъолияти эҷодиашро Наимҷон Назирӣ [[соли 1959]] асосан дар маҷаллаи [[«Хорпуштак»]] ва радиои ҷумҳурӣ оғоз намудааст. Ҳоло бошад сарварии осорхонаи таърихӣ ва кишваршиносии шаҳри [[Истаравшан|Истаравшанро]] ба ӯҳда дорад.
Наимҷон Назирӣ бештар дар боби шеърҳои ҳаҷвӣ ва бачагона заҳмат кашидааст. Ӯ муаллифи маҷмӯаҳои «Хушаҳо», «Гулқайчӣ», «Хирсаки каҷпо», «Бахти мо», «Тӯшаи роҳ» ва ғайра мебошад.
 
==Манбаъ==