Зиёдулло Шаҳидӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
Сатри 13:
== Ҳолнома ==
Аз ҷумлаи шинохтатарин чеҳраҳои ҳунарии тоҷик аст, ки дар [[Самарқанд]]и бостонӣ дар хонаводаи ҳунарпеша, мутриби шинохтаву варзида Муқаддасхон дида ба олам кушодааст.
Соли [[1939]] ба [[Сталинобод]] (ҳоло – [[Душанбе]]) омадааст ва ба ҳайси роҳбари ансамбли тарона ва рақси [[Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев|Филармонияи давлатии тоҷик]] (1939-1952) кор кардааст. Ӯ аз композиторони барҷастаи рус [[Александр Степанович Ленский]] ва [[Сергей Баласанян]] дарси композитсия омӯхтааст (1943-1946). Студияи миллии дусолаи назди Консерваторияи [[Москва]] (1949) ва шуъбаи миллии Консерваторияи мазкурро хатм кардааст. Зиёдулло Шаҳидӣ ба омӯзиши касбу ҳунар худро маъмур ҳисобид ва тадриҷан пеши хунёгарони номии [[ИттиҳодииИттиҳоди Шӯравӣ]] дарси ҳунару маҳорат омӯхт.
Соли [[1957]] баъди хатми Консерваторияи ба номи Чайковскийи шаҳри [[Москва]] аввалин барномаи консертии худро доир кардааст, ки аз ҷониби мухлисони созу наво хуш пазируфта шудааст.
Аз нимаи дуюми солҳои 60-ум Зиёдулло Шаҳидӣ бештар ба жанри симфонӣ мароқ зоҳир менамояд.