Донишнома: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 8:
 
=== Асарҳои энсиклопедии мардуми тоҷику форс ===
Ба риштаи таҳрир кашида шудани асарҳои энсиклопедӣ барои мардуми тоҷику форс падидаи нав нест ва асарҳои энсиклопедие чун [[Бундаҳишн (Китоб)|«Бундаҳиш»]], [[Динкард (Китоб)|«Динкард»]], «[[Ал-Қонун]]», «Донишномаи Улоӣ», «Матлаъ-ул-улум» ва маҷмаъ-ул-фунун», «[[Таърихи Табарӣ]]», «Сивон-ул-ҳикмат», «Ал-Феҳрист», «Аҷоиб-ул-булдон», «Сурат-ул-арз» ва тазкираву баёзҳои сершумор намунаҳои китобҳои энсиклопедии қадиманд. Мафҳуми энсиклопедия ҳамчун маҷмӯаи донишҳо, маълумоту иттилоот дар дунёи қадим пайдо шуда бошад ҳам, асосан дар давраи дуюми тамаддун – аз оғози асрҳои миёнаву давраи Эҳё таълифи энсиклопедияи дақиқ бо мақолаҳои мураттаби алифбоӣ оғоз гардид ва аз ин дам аҳли илму маърифат ва фарҳанг ба ин махзани бебаҳои илму фарҳанг бештар таваҷҷӯҳ намуданд.
 
=== Энсиклопедияҳо ===
Энсиклопедияҳои «Ларусс» (Франсия, 10 ҷилд), «Эспос» (Испания, 70 ҷилд), «Итальяна» (Италия, 36 ҷилд), «Британика» (Англия, 24 ҷилд), «Макропедия» (Англия, 20 ҷилд), «Американа» (Англия, 30 ҷилд), «Энциклопедия Брокгауза» (Германия, 20 ҷилд), «Большая Советская Энциклопедия» (Россия, 65, 50 ва 30 ҷилд, 3 нашр) аз нахустэнсиклопедияҳои мукаммали дунёянд, ки дигар энсиклопедияҳои хурду бузурги давлату халқият ва маҳалҳои алоҳида ба асоси таҷрибаи ин энсиклопедияҳо тадвину сохта шудаанд.
 
Чун китобҳои энсиклопедиявӣ тамоми соҳаҳо ва ҷузвитарин ҷанбаҳои зиндагиро дар бар мегиранд, мавриди ниёзи ҳамешагии мардум буда, ба ҳар муносибату зарурат аз онҳо истифода бурда мешавад. Ҳамчунин барои огоҳии комил доштан аз таърихи воқеии гузаштаи миллат, хабардор будан аз сарнавишти пуршебу фарози халқи хеш, ошноии бештар пайдо кардан бо мероси бойи фарҳангӣ ва расму ойини пешгузаштагон, воқиф гардидан аз кору пайкор ва зиндагиномаи фарзонафарзандҳои миллати худ энсиклопедияҳои бисёрҷилда навишта мешаванд. Дар давлатҳои мутамаддини дунявии мустақилиродату комилиқтисод энсиклопедияҳои миллӣ-универсалӣ дар баробари Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аломати истиқлол, ғановати маънавӣ, иқтидор ва истиқрори мамлакат мебошанд.
 
 
== Инҷоро ҳам бингаред ==