Ғулом Алиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 12:
==Зиндагинома==
Ғулом Алиев дар маҳаллаи Боғишамоли ш.[[Самарқанд]] ба дунё омадааст. Институти хоҷагии қишлоқи Самарқандро хатм кардааст (1934). Зоотехники совхози гӯсфанди қароқӯлипарварии ноҳияи Ғузори [[Ӯзбекистон]] (1934-1935), ассисистенти кафедраи афзоиш ва генетикаи чорвои Институти мазкур (1935-1941), директори стансияи таҷрибавии комплексии чорводории Тоҷикистон (1941-1942), ҷон. мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқи КМ ПК(б) Тоҷикистон (1942-1943), корманди дипломатӣ дар [[Эрон]] (1943-1945), директори филиали Тоҷикистонии Институти тадқиқоти-илмии чорводории АИ СССР (1945-1950), ректори [[Донишгоҳи аграрии ТоӌикистонТоҷикистон|Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон]] (1950-1953; 1973-1981)<ref>[http://www.tajagroun.tj/tarikh.html Таърих/сомонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон]</ref>,ноиби президенти [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон |АИ ҶШС Тоҷикистон]] (1953-1958), и.в. президенти [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон |АИ ҶШС Тоҷикистон]] (1954-1957), ҷонишини вазир ва вазири хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1958-1962), котиби КМ ҲК Тоҷикистон (1962-1973). Соли [[1981]]-[[1990]] – мудири Лабораторияи генетика ва селексияи гӯсфанди назди шӯъбаи муҳофизат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии [[Фарҳангистони улуми Тоҷикистон |АИ ҶШС Тоҷикистон]].
Ғулом Алиев узви Комитети умумиҷаҳонӣ оид ба номенклатураи генетикӣ ([[1989]]),
Раиси шӯъбаи Тоҷикистони Ҷамъияти умумииттифоқии генетикҳо ва селексионерони ба номи Н. Вавилов ва [[депутат]]и Совети Олии ҶШС Тоҷикистон (даъватҳои 4-9) буд.<ref>[http://www.cnshb.ru/AKDiL/akad/base/RA/000058.shtm АЛИЕВ Гулям Алиевич]</ref><ref>[http://persons-info.com/persons/ALIEV_Guliam_Alievich Биография]</ref>
 
== Мероси илмӣ ==
Аз соли 1945 ба кори илмӣ пардохта, зоти нави гӯсфанди серпашму серравған ва сергӯшт – “гӯсфанди тоҷикӣ”-ро ба вуҷуд овард ([[1963]]).