Иттиҳоди Шӯравӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 42:
Бӯҳрони ҷамъиятие, ки дар Русия сар зада буд ба ҷудошавии ҳукумату ҷомеа ва баъдтар ба шӯришҳои солҳои 1902 -1905 оварда расонд. Гарчанде ки ин шӯришҳо бебарор буду ба ивази ҳукуматдорон оварда нарасонд, лекин ин шӯришҳо инқилоби ба соли 1917 рух дода шуда асос гузошт.
 
Иштироки Русия дар Ҷанги якуми Ҷаҳон (1914 – 1918) (Рис.30), ба болоравии нархҳо дар бозор, камшавии молу маҳсулот ва инчунин ба гуруснагии аҳолӣ оварда расонд, дар натиҷа зимистони соли 1917 бӯҳрони сиёсӣ боз ҳам тезу тунд гашт. Феврали соли 1917(Рис.31), шӯриши яроқноке ки дар Санкт – Петербург шуда буд, ба дасткашии Николайи II аз тахт оварда расонд, ки ба ҷои ӯ акнун мамлакатро Ҳукумати муваққатӣ идора мекард. Аммо дар натиҷаи шӯриши соли 1917 ба сари тахт болшевикон омаданд ( Партия КомунистииКоммунистии Русия бо сардории В. И. Ленин(Рис.32) ). Баъд аз 3 соли ҷанг бо душманони дохиливу хориҷӣ болшевикон тавонистанд Империяи Русро ба даст оранд.
 
Дар натиҷаи Инқилоб ҷанги Шаҳрвандӣ(солҳои 1917 – 1923) ба амал омад, ки байни болшевикҳо(“сурхҳо”) (Рис.33) ва душманони онҳо(“сафедҳо”) (Рис.34) мубориза баҳри ҳукмронии давлат мерафт. Барои ба мақсади худ расидан ҳам “сурхҳо” ва ҳам “сафедҳо” террорро истифода бурданд(Рис.35), ки дар натиҷа бештар аҳолии бегуноҳ ранҷ кашиданд. Ғайр аз ин давлатҳои хориҷӣ низ иштирок карданд, онҳо мехостанд, ки давлати Русро суст кунанд ва онро ба қисмҳо ҷудо кунанд. Лекин болшевикон тавонистанд, ки ғалаба кунанд ва сиёсати ягонаро дар Русия ҷорӣ кунанд. Давлати наве, ки ба он масоҳати бештари империяи пештараи Русия дохил мешуд номи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сосиалистӣ (ИҶШС) гирифт(Рис.36). Умуман дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ ва инқилоб дар Русия: 25млн аҳолӣ ба ҳалокҳалокат расид, истеҳсоли саноат 5 маротиба кам шуд, маҳсулоти кишоварзӣ низ 40% низ кам шуд, қариб тамоми зиёиёни пештара кушта шуда буданд.
 
Дар ин ҳолатҳои ногувор аз нав барқароркунии иқтисодиёти Русия оғоз гардид. Дар ин вақт бештар ба саноаткунонии мамлакат: саноати мошинасозӣ, кимиявӣ, муассисаи ҳарбӣ, конҳо ва стансияҳои электрикӣ лозим буд. Тараққиёти саноати вазнин зарари худро бештар ба саноати сабуку кишоварзӣ расонид. Ҳаёти одамони оддӣ дар ин давра хело ҳам бад буд: сатҳи зиндагии аҳолии шӯрави паст буд нисбат ба дигар давлатҳо, маҳсулотҳои оддӣ намерасиданд, мушкилоти ҷиддӣ, ки ин таъмини аҳолӣ бо маскан буд боқӣ монд.