Ҷумҳурият (рӯзнома): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х илова
Сатри 8:
 
== Таърих ==
Нахустшумораи «Ҷумҳурият»-и кунунӣ [[15 март]]и [[соли 1925]] бо номи хушсадову умедбахши «Иди тоҷик» дар [[Душанбе]] ба табъ расида, воқеан ҳам барои ҷумҳурии тозатаъсиси Тоҷикистон ва миллати мутамаддини тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ буд. Зеро замонаи бераҳм рӯшанфикронамонро нишони тир мекард, китобҳои ниёконамонро дар оташи ҷаҳолат месӯхт ва доираи амали забони тоҷикиро маҳдуд месохт.
* Камол АБДУРАҲИМОВ. [http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=95 Дар бораи нашрия]
Мақсаду мароми рӯзнома аз шумораи дуввум, ки ба худ номи «Бедории тоҷик»-ро гирифт, мушаххасу равшантар гаштанд. Тоҷик воқеан ҳам беш аз ҳама ба бедории сиёсӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дошт. Ва рӯзномаи «Бедории тоҷик» бо дарки масъулият ин рисолати бузургро бар дӯш гирифт.
 
Вобаста ба шароити давру сиёсати замон рӯзнома чанд бор тағйири ҳуруфу ном кард, вале ҳаргиз мавқею ҳадафи хешро тағйир надод. Аз оғоз то ба имрӯз ҳамеша дар дифои манофеъи давлату миллати тоҷик қарор дорад.
«Ҷумҳурият» таърихи зиндаи Тоҷикистон ва мардуми он мебошад. Ҳама китобҳои таърихӣ пеши таърихе, ки рӯзнома онро бозгӯӣ мекунад, ноқис ба назар мерасанд. Агар аз он китобҳо чанд санади муҳимро пайдо намоем, аз рӯзнома ҳама чиро дарёфт кардан мумкин аст. Дар саҳифаҳои он на танҳо муаррих, балки сардори давлат, арбоби сиёсиву ходими ҷамъиятӣ, адибу омӯзгор, муҳандису пизишк, ҳунарпешаву варзишгар, коргари оддиву деҳқони хокпош ва, албатта, беш аз ҳама рӯзноманигор баромад карда, муҳимтарин ва қимматтарин маълумотро ба хонанда пешкаш менамоянд.
Фарзандони барӯманди тоҷик дар равнақи рӯзномаи «Ҷумҳурият» фаъолона саҳм мегирифтанд. Қаҳрамони Тоҷикистон [[Садриддин Айнӣ]] яке аз муаллифони нахустини рӯзнома буд. Устод ин рӯзномаро «модари матбуоти Тоҷикистони советӣ» номида, бо истифода аз фурсатҳои фароҳамомада адибонро ба ҳамкорӣ ва мардумро ба рӯзномахонӣ ташвиқ менамуд.
Қаҳрамони Тоҷикистон академик [[Бобоҷон Ғафуров]] низ солҳои сиюм аз муаллифони фаъоли рӯзнома буд ва бисёр мақолаҳои ҷолиби худро, ки ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик бахшида шудаанд, маҳз дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расондааст.
Қаҳрамони дигари Тоҷикистон устод [[Мирзо Турсунзода]] ҳам дар мақолаи худ «Аввалин газета, аввалин мӯъҷиза», ки ба ифтихори 50-солагии «Ҷумҳурият» навишта буд, аз эътиқоди самимии хеш ба ин рӯзнома ва нақши он дар муборизаҳо бо муҳаббати гарм ҳарф задааст.
Дар солҳои гуногун чеҳраҳои шинохта ба монанди Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзулло, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва Шоҳмузаффар Ёдгорӣ сармуҳаррири рӯзномаи мо будаанд. Аксари журналистони номдори кишварамон дар «Ҷумҳурият» кор кардаанд. Бисёр адибон, аз қабили Фазлиддин Муҳаммадиев, Мутеъулло Наҷмиддинов ва Абдулҳамид Самадов дар ҳамин даргоҳ ба қаламу сухан меҳр баставу дил бохта, пешаи сухангӯиро ихтиёр намудаанд.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар муборизаҳо барои манофеи миллӣ пешгому парчамбардор буд. Маҳз бо часпу талошҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Саҳми рӯзнома дар боло бурдани дараҷаи худшиносии миллӣ ҳам шоистаи таҳсин аст.<ref>[http://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=95 Дар бораи нашрия]</ref><ref>[http://www.jumhuriyat.tj Сомонаи «Ҷумҳурият»]</ref>
== Сохтор ==
 
== Пайвандҳои беруна ==
<references/>
* [http://www.jumhuriyat.tj Сомонаи расмӣ]
 
{{ҷавона}}