Садонокҳо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
садонокҳо
 
хNo edit summary
Сатри 1:
Овозҳое,ки танҳо аз садо иборат буда, дар натиҷаи бемонеа аз даҳон баромадани ҳаво ба вуҷуд меоянд, '''садонокҳо''' номида мешаванд: '''и, э, ӯ, а, у, о.''' Дар сохта шудани садонокҳои забони тоҷикӣ забон ва лабҳо иштирок мекунанд.Бинобар ин таснифи тавлидии садонокҳо дар асоси ҳамин ду узв сурат мегирад.Забон ба ду тараф ҳаракат мекунад:
:а). аз пеш ба қафо ё аз қафо ба пеш, яъне '''ҳаракати уфуқӣ''';
:б). аз поён ба боло ё аз боло ба поён, яъне '''ҳаракати амудӣ'''.
Барои таснифи садонокҳо аз ҷиҳати ҳаракати уфуқии забон се нуқта: пеш, марказӣ (омехта) ва қафо ба назар гирифта мешавад. Вобаста ба ҳамин садонокҳои забони тоҷикӣ ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:
:1.Садонокҳои '''қатори пеш''': '''и, э;'''
:2.Садонокҳои '''қатори марказӣ (омехта)''': '''ӯ, а;'''
:3.Садонокҳои '''қатори қафо''': '''у,о.'''
Дар ҳаракати амудии забон се дараҷаи бардошт муҳим аст:
:а) бардошти поён: '''а''';
:б) бардошти миёна: '''э, ӯ, о;'''
:в) бардошти боло: '''и, у'''.
Вобаста ба иштироки лабҳо садонокҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд:
:а) лабӣ: '''у, ӯ, о;'''
:б) ғайрилабӣ: '''и,э,а.'''