Ҳамсадо: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ҳамсадо
 
Ҳамсадо
Сатри 1:
Дар сохта шудани ҳамсадоҳои тоҷикӣ лабҳо, забон, забонча ва ҳалӄ саҳми бештар доранд ва узви фаъол ҳисоб мешаванд. Вобаста ба ҳамин ҳамсадоҳо ба чор гурӯҳ ҷудо мешаванд: '''а) лабӣ, б) забонӣ, в) забончагӣ, г) ҳалӄӣ.''' Ба гурӯҳи '''ҳамсадоҳои лабӣ''' фонемаҳои '''''б, п, м, в, ф''''' дохил мешаванд. Ин ҳамсадоҳо боз ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: а) '''лабулабӣ''' ('''''б, п, м'''''); б) '''лабудандонӣ''' ('''''в,ф'''''). Ҳамсадоҳои забонӣ чаҳордаҳ фонемаро дар бар мегиранд: '''д, т, н, з, с, л, ж, ш, ч, ҷ, р, й, г, к.''' Вобаста ба кори ӄисмҳои гуногуни забон ҳамсадоҳои мазкур ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд: а) '''пешизабонӣ''': '''''д, т, з, с, ж, ш, ч, ҷ, р, л, н'''.'' б) '''байнизабонӣ''': '''''й'''''; в) '''бехизабонӣ''': '''''г, к'''''.Ба гурӯҳи ҳамсодоҳои забончагӣ се фонема дохил мешавад: ғ, х, ӄ. Ба гурӯҳи ҳамсадоҳои ҳалӄӣ фонемаҳои '''''ъ''''' ва '''''ҳ''''' дохил мешаванд. Аз рӯйи иштироки узвҳои ғайрифаъол ҳамсадоҳои тоҷикӣ ба гурӯҳҳои '''лабулабӣ''' ('''''б, п, м'''''), '''лабудандонӣ''' ('''''в, ф'''''), '''дандонӣ''' ('''''д, т, з, с'''''), '''пешкомӣ''' ('''''ж, ш, ҷ, ч, л, р'''''), '''байникомӣ''' ('''''й'''''), '''паскомӣ''' ('''''г, к'''''), '''бехизабонӣ''' ('''''ғ, х, ӄ''''') ва '''ҳалӄӣ''' ('''''ъ, ҳ'')''' ҷудо мешаванд.