Фарқият байни намунаҳои "Пайрав Сулаймонӣ"

х
{{манбаъ}}
х (→‎Тадқиқи архиви адиб: бот: кор карда истодааст., replaced: руз → рӯз)
х ({{манбаъ}})
{{манбаъ}}
{{Зиндагинома
|Номи тоҷикӣ=Пайрав Сулаймонӣ
|Зодрӯз=[[1899]]
|Даргузашт=[[1933]]
|Вазифа=[[нависандашоир]]
}}
 
'''Пайрав Сулаймонӣ''' ([[1899]]-[[1933]]) умри хеле кӯтоҳ дид, ҳамагӣ 34 сол. Ӯ дар осмони назми тоҷик чун ситораи тобноке дурахшиду нопадид гашт. Вале шеъри ӯ имрӯз ҳам, фардо ҳам ва қарнҳои оянда ҳам дилҳоро тасхир хоҳад кард, ҳисро сайқал хоҳад дод, дар комилтар гардидани инсон саҳм хоҳад гузошт.
 
Беҳуда нест, ки устод Айнӣ аз арзи вуҷуд кардани ӯ дар майдони адабиёт изҳори шодмонӣ карда, навишта буд: :«Пайрав соҳиби истеъдоди комил аст, бӯстони нави адабиёти тоҷик аз оби равони табъи ин ҷавон бисёр сарсабзиҳо умед дорад».
Пайрав аз худ осори на он қадар зиёд, вале пурарзише ба мерос гузошт. Куллиёти илмии ӯ, ки дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакӣ таҳия гардид, аз як ҷилд иборат буда, 16 ҷ.ч.-ро ташкил мекунад.
 
Соли 1931 нахустин маҷмӯаи ӯ таҳти унвони «Шукуфаи адабиёт» бо ҳуруфи арабӣ аз чоп баромад. Ин аз як тараф, албатта, наметавонист шоирро хурсанд накунад, вале аз тарафи дигар ӯро малул гардонид.
 
Ӯ дар мактуби худ ба дӯсташ [[Раҳим Ҳошим]] якуми маимайи [[соли 1931]] дар ин бора навиштааст: :«Дигар маҷмӯаи ман расид, саломат бош! Чаро обложкаи онро ин қадар хунук кардаанд? Рамкаи сиёҳ барои чӣ? Кӣ мурда буд?» «Шукуфа» ҳам ба ҳамин хунукӣ мешудааст-мӣ? Аммо бо ҳамаи ин эҳтиётҳо чаро боз ин ҳама ғалат? Забарҳоро зер кардаанд, зерҳоро забар ва як тӯда ғалатҳои дигар. Порчаи «Ҳиндустон» чӣ шуд? «Гуландом» куҷо рафт? Ку? Куҷо шуд?.
[[Акс:Pairav2.jpg|thumb|Пайрав Сулаймонӣ]]
Ҳамон сол, яъне соли 1931 достони ӯ «Тахти хунин» дар шакли китобчаи алоҳида ба табъ расид, ки он ҳам бо ҳуруфи арабӣ аст. Соли 1932 дигар маҷмӯаи ӯ бо номи «Шеърҳо» бо ҳуруфи лотинӣ аз чоп баромад.
 
== Маҷмӯаи шеърҳо ==
 
Инак, он маҷмӯаҳое, ки аз тарафи Пайрав ба чоп омода шудаанд ва ба табъ расидаанд ва мо ҳангоми таҳияи Куллиёти илмии шоир ба онҳо такя намудем. Яке аз мӯътабартарин маҷмӯаҳое, ки мо матни онро дар бештарин мавридҳо чун матни асосӣ истифода бурдем, «Маҷмӯаи шеърҳо» - и нашри соли 1934 мебошад. Ин нахустин китоби Пайрав аст, ки баъд аз вафоти шоир дар таҳияи Раҳим Ҳошим аз чоп баромадааст. Ба ҳайати таҳририяти он устод Айнӣ низ шомил буданд. Маълум аст, Раҳим Ҳошим бо роҳбарӣ ва маслиҳати устод Айнӣ ин корро анҷом додааст. Баъд аз зикри ҳайати таҳририя дар ҳошияи ҳамон варақ навишта шудааст: «Бо ташаббуси шӯъбаи Самарқандии Союзи нависандагони Шӯрои Ӯзбекистон ҷамъ карда шудааст».
 
Танҳо дар қисми «номаҳо» санаи таълиф риоя нашудааст. Номаҳо аз рӯи шахсоне ки ба онҳо ирсол шудаанд, танзим ёфтаанд, вале агар ба як шахс як чанд нома фиристода шуда бошад онҳо аз рӯи санаи таълиф гузошта шудаанд.
 
Асарҳои ПаравПайрав инчунин аз рӯи қоидаҳои имлои имрӯза ба чоп ҳозир шуда, дар байни замон муҳимтарин хусусиятҳои имлои муаллиф нигоҳ дошта шуд.
 
Тавзеҳоти аз тарафи муаллиф дода шуда, дар поварақ сабт гардид. Шарҳу эзоҳи таҳиягарони маҷмӯаҳои гуногуни Пайрав аз рӯи зарурат дар қисми тавзеҳот оварда шудаанд.
Ба ҳамин тариқ Куллиёти илмӣ барои муҳаққиқони эҷодиёти Пайрав маводи фаровон медиҳад, барои мураттибони осори ӯ матни саҳеҳе пешниҳод менамояд.
 
==Адабиёт ==
==Хуршеда Отахонова дар бораи Пайрав ==
# Пайрав сулаймонӣСулаймонӣ. Шукуфаи адабиёт. Нашр. Сове. Тоҷикистон .- Сталинобод – Самарқанд, 1931, саҳНашр. Дав. Тоҷик., - с.197
 
# Пайрав Сулаймонӣ. Девон. - Душанбе, «Ирфон»,? саҳ.193
#Пайрав сулаймонӣ. Шукуфаи адабиёт. Нашр. Сове. Тоҷикистон . Сталинобод – Самарқанд, 1931, саҳ.197
#Пайрав Лола Сулаймонӣ. ДевонОн беҳ, Душанбеки нишоне надиҳад, ному ….».// «ИрфонАдабиёт ва санъат», 1994, саҳ19 июл.193
#Лола Сулаймонӣ.Қаламам Онумри беҳ,ҷовидони киман нишоне надиҳад, ному …аст.», //«Адабиёт ва санъат», 19941939, 1927 июлапрел.
# Лола Сулаймонӣ. Шарҳи достони Фироқ. //«Садои Шарқ», 1989, №4, с. 112.
#Қаламам умри ҷовидони мн аст, «Адабиёт ва санъат», 1939, 27 апрел.
#Лола Сулаймонӣ. «Шарҳи достони фироқ», «Садои Шарқшарқ», 1989, №4, саҳ. 112113.
# Ҷалол Икромӣ. Душанбе ватанам – Бухоро зодгоҳам, 1989, 75№4 №4, саҳс. 90-91.
#«Садои шарқ», 1989, №4, саҳ. 113.
#Ҷалол Икромӣ. Душанбе ватанам – Бухоро зодгоҳам, 1989, 75№4, саҳ. 90-91.
 
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Шоирони тоҷик]