Фарқият байни намунаҳои "Тоҳириён"

Ниёгони тоҳириҳо шаҳри Фушанҷи вилояти [[Ҳирот]]ро дар дасти худ нигоҳ медоштанд. Сарсилсилаи ин хонадон ҳокими Фушанҷ [[Тоҳир ибни Ҳусейн]] буд. Дар вақти қоимақоми [[Хуросон]] будани Маъмун, ки баъдтар ба маснади хилофат расид, Тоҳир дар дарбори ӯ нуфуз ва эътибори калон пайдо намуд. Соли [[811]], дар ҷанги байни ду бародар, яъне ворисони Ҳорунаррашид - Амин ва Маъмун, дар талоши ҳокимияти Тоҳир лашкари Маъмунро сардорӣ кард. Ӯ дар соли [[813]] [[Бағдод]]ро забт намуда, барои ба тахти хилофат соҳиб шудани Маъмун ба таври ҷиддӣ кӯмак расонд. Пас аз чанд вақт дар Бағдод сардори тамоми қувваи ҳарбии халифа буд ва баъд аз он, дар соли [[821]] ҳокими [[Хуросон]] таъин гардид.
Тоҳир мамлакати [[Хуросон]] ва вилоятҳои [[Осиёи Миёна]]ро ҳамчун ҳукмрони мустақил идора мекард. Вай дар соли [[822]] ҳатто фармон дод, ки хутбаи намози ҷумъа номи халифаро ёд накунанд. Ин бо халифаҳои [[Бағдод]] қатъи алоқа кардани ӯро ифода менамуд. Пас аз чанд рӯзи ин воқеа Тоҳир вафот намуд. Нисбат ба ин марги ногаҳонии Тоҳир чунин фикре мавҷуд аст, ки ӯро ҷосусони халифа заҳр дода куштанд.
 
==Талҳа ва [[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]] ==
Агарчанде Тоҳир майли тамоман ошкори мустақилшавӣ дошт, халифа Маъмун ба ҳокими Хуросон писари ӯ Талҳаро (822 - 828) тасдиқ намуд. Писари дигари Тоҳир – [[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]] ([[830]] – [[844]]) дар ҳеҷ сурат худро мутеи хилофат надониста, Хуросонро бо ихтиёри худ идора мекард. Дар замони ӯ қароргоҳи Тоҳириён шаҳри [[Нишопур]] гардид. Халифа Мӯътасим (833- 842) Абдуллоҳро хеле бад медид, вале барои саркӯби ва мутеъ кардани ӯ ҳеҷ як чора ва имконияте надошт. Кӯшиши ба воситаи заҳр ҳалок сохтани [[Абдуллоҳи Тоҳир|Абдуллоҳ]] ҳам барор нагирифт.
Anonymous user