Фарқият байни намунаҳои "Робиаи Балхӣ"

х
 
== Ёддошт ==
Нахустин маҳфили фарҳангие роҷеъ ба ҳаёту осори Робиаи Балхӣ дар Тоҷикистон, шоирону нависандагон ва олимону коршиносон ва алоқамандони ӯро аз Афғонистону Эрон ва Тоҷикистон гирди ҳам овард. Ҳамоиши байналмилалии бузургдошти Робиаи Балхӣ, нахустин бонуи порсигӯй, бо ин суханони пурҷаззоби '''[[Гулрухсор Сафиева]]''', шоираи маъруфи тоҷик оғоз гардид:
 
{{аввали иқтибос}}''«Чанд шеъре, ки аз Робиаи Балхӣ мондааст, дар пояи баландтарини шеъри форсӣ эҷод шудааст. Ҳатто рубоие, ки Робиа навиштааст, ба сатҳи рубоии Рӯдакӣ баробар аст. Ман фикр мекунам, ҳамоиши Душанбе ба ифтихору муносибати чанд Робиа, Робиаи мазлум, Робиаи бегуноҳ кушташуда, Робиаи шаҳид, Робиае, ки суханашро ба мо гуфтааст, аммо то ҳол барнагардондаем ва Робиае, ки бояд кашф карда шавад, сурат мегирад». ''{{охири иқтибос}}
 
'''Муҳаммадбоқири Иштиҳодӣ''', намояндаи сафорати Эрон, бар ин назар аст, ки бо вуҷуди он, ки аз Робиаи Балхӣ мероси хеле каме боқӣ мондааст, аммо ҳамнавоӣ бо Абуабдуллои Рӯдакӣ, падари шеъри порсӣ, ба ашъори ӯ ширинӣ ва шур офаридааст ва дар боби эҷодиёти Робиаи Балхӣ чунин гуфт:
 
{{аввали иқтибос}}''«Робиаи Балхӣ дар замони Рӯдакӣ зиста ва ҳамнаво бо ӯ шеър сурудааст ва бо ишқу зебогии худ ширинӣ ва шӯр офаридааст. Ҳамон ки шайх Аттор дар бораи шеъраш мегӯяд:
Чунон дар шеър гуфтан хушзабон буд,
:Ки гӯи аз лабаш тамъе (шаҳде) дар он буд».''{{охири иқтибос}}
 
== Ёдгориҳо ==