Фарқият байни намунаҳои "Зиёдулло Шаҳидӣ"

х
бот: кор карда истодааст, replaced: ў → ӯ using AWB
х (→‎Мерос: таҳрир)
х (бот: кор карда истодааст, replaced: ў → ӯ using AWB)
Соли [[1957]] баъди хатми Консерваторияи ба номи Чайковскийи шаҳри [[Москва]] аввалин барномаи консертии худро доир кардааст, ки аз ҷониби мухлисони созу наво хуш пазируфта шудааст.
Аз нимаи дуюми солҳои 60-ум Зиёдулло Шаҳидӣ бештар ба жанри симфонӣ мароқ зоҳир менамояд.
Бояд зикр намуд, ки охири солҳои 60-ум –70-ум бисёр композиторони тоҷик ба Шашмақом рӯ меоварданд. Новобаста аз он, ки дар ибтидо ӯ касбияти мусиқии суннатии тоҷик, аз ҷумла [[Шашмақом]]ро эътироф накард (ниг.: Ҷамъбасти мубоҳиса доир ба масъалаҳои инкишофи мусиқии тоҷик (ҷавоб ба З. Шаҳидӣ //Точикистони Советӣ, 6 май, 1957), баъдтар ўӯ муносибати хешро нисбат ба ин шоҳасар тағйир медиҳад ва дар ҷодаи мақоми симфонӣ достони «Бузрук» ва «Симфонияи мақомҳо»-ро меофарад. Асари
«Симфонияи мақомҳо» дар съезди VI Иттифоқи композиторони СССР ва симпозиуми байналмилалии мусиқишиносон бахшида ба мақомот (Самарқанд, 1983) садо дод ва дорои тақризҳои хеле хуб гашт.
Охири солҳои 70-ум ва ибтидои солҳои 80-ум марҳилаи пуравҷи фаъолияти эҷодии композитор мебошад. Ӯ асарҳои калонҳаҷми достони симфонии «Ба хотираи М. Турсунзода» (1979), операи «Ғуломон» аз рӯи асари С. Айнӣ (1979), ораторияи «Дар васфи Ленин»-ро (1981) бар шеърҳои С. Айнӣ ва М. Турсунзода эҷод мекунад.
З. Шаҳидӣ дар корҳои раёсати Иттифоқи композиторон ҳам фаъол буда, солҳои 1956-1960 ба ҳайси раиси Иттифоқи композиторон кор кардааст. <ref>Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c. 254-256</ref>
 
==Осор==
“Комде ва Мадан” аз ҷумлаи машҳуртарин ва маъруфтарин асарҳоест, ки тақрибан ҳар сол мавсими театриро дар [[Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ|Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ]] ифтитоҳ мекунад. «Комде ва Мадан» ҳамчунин дар саҳнаи театрҳои Ӯзбакистон, аз ҷумла дар зодгоҳи оҳангзоз шаҳри Самарқанд ба саҳна гузошта шудааст. Дар бораи шӯҳрати операи «Комде ва Мадан» мусиқишмносони аврупоӣ чунин нигошта буданд: «То ҳанӯз аврупоиён операе эҷод накардаанд, ки мавзӯяш мусолиҳаи ду дин ва ду фарҳанг бошад. Дар ин опера ҳамчунин мусиқии исломӣ ва мусиқии ҳиндӣ ҳамоҳанг шудаанд. Он чиро, ки мо меҷӯем, шумо (манзур - халқи тоҷ.) барвақт ёфтаед ва ба он комёб гардидаед». Бузургтарин сарвати Шаҳидии марҳум асарҳои ҷовидона, шогирдон ва пайравонаш мебошанд.
Ҳамчунин дар иҷрои Оркестри калони симфонии радио ва телевизиони [[Москва]] дар солҳои 70 сабт шудаву солҳои 80 дар қалби Иттиҳоди Шӯравӣ интишор ёфтааст. Зиёдулло Шаҳидӣ асарҳое дорад, ки замоне машҳуртарин ҳунармандони кишвар Муқаддас Набиева, [[Шоиста Муллоҷонова]], [[Ҳанифа Мавлонова]] ва дигарон сароидаанд ва ҳоло ин сурудаҳо фонди тиллоии радио ва телевизиони Тоҷикистонро зиннат мебахшанд.<ref name="tojnews.org">http://tojnews.org/chehra-ziyodullo-shahidi</ref>
 
== Мукофоту ҷоизаҳо ==
Оҳангсози шинохта соли [[1985]] дар шаҳри [[Душанбе]] дида аз олам барбаст ва тибқи васияташ хонаи ӯ ба осорхонаи эҷодиёташ табдил ёфт. Яке аз кӯчаҳои ш. [[Душанбе]] ва [[Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ]] ба номаш гузошта шудаанд. Дар ш. [[Душанбе]] аз соли [[1996]] осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ва Бунёди байналмилалии З. Шаҳидӣ таъсис ёфтааст.
 
Ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии [[Тоҷикистон]] маҷмӯъаи асарҳои мусиқии ӯ интишор ёфанд. Таронаҳои Шаҳидӣ мухлисонашро як бори дигар ба ёди ӯ бурданд ва фазои солҳои 70-80 қарни гузаштаро дар гӯшаи хотири худ зинда карданд. Миёни ин асарҳо таронаҳои ба дидаву дили мардум наздики «Муҳаббат», «Хонаи мо», «Ситораи ман», романси «Зӣ сузи сина» ва ғайраҳо, ки замоне аз пуршунавандатарин таронаҳо дар барномаҳои радио ва телевизиони кишвар буданд, ҷо дода шуданд. Ҳунарпешаҳои имрӯзаи кишвар таронаҳои Зиёдулло Шаҳидиро аз нав эҳё намуда сароиданду аз ҷониби мухлисон хуб пазироӣ шудаанд. Соли 2014 бузургдошти 100-солагии устод Зиёдулло Шаҳидӣ бо Қарори ЮНЕСКО дар сатҳи ҷаҳонӣ баргузор гардид.<ref>[http://www.farhang.tj/index.php/buzurgdosht-1 Бузургдошт]</ref>
 
Яке аз пайгирони оҳангсоз фарзанди баруманди ӯ [[Толиб Шаҳидӣ]] ва дигар наберааш Табрез Шаҳидӣ аст. [[Толиб Шаҳидӣ]] аз пайравони ростини роҳи падар аст ва заҳамоташ бо [[Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]] қадр шудааст. Табрез низ аз ҷумлаи оҳангсозони насли навини кишвар аст, ки дар ш. [[Москва]] кору эҷод мекунад.<ref name="tojnews.org"/>
276,109

edits