Боқӣ Раҳимзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х иловаи гурӯҳ
х таҳрир
Сатри 5:
|Акс=Noimage.svg
|Зодрӯз=[[15 май]]и с. [[1910]]
|Зодгоҳ=[[Деҳаи Сорбоғ]], [[Ноҳияи Рашт|ноҳияи Ғарм]]
|Даргузашт=[[30 январ]]и с.[[1980]], [[Душанбе]]
|Вазифа=[[шоир]]
}}
 
'''Боқӣ Раҳимзода''' [[15 май]]и соли [[1910]] дар Сорбоғ, ки яке аз деҳаҳои зеботарини [[Ноҳияи Рашт|ноҳияи Ғарм]] ба ҳисоб меравад, таваллуд ёфтааст. Дар давраи кӯдакӣ бо амри такдир падари ӯ вафот кард. Баъди марги падар Бокӣ муддате дар хонаи амакҳояш—Миразизу Мирзораҳим умр ба сар бурда, бо ёрии онҳо ӯ дар мактаби кӯҳнаи деҳаашон cавод гирифтааст. Боқӣ, ки худ табиатан бачаи зираку донишҷӯ буд, дар муддати ниҳоят кӯтоҳ асосҳои саводи мактаби кӯҳнаро аз худ намуд. Вай аз хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ рағбати зиёд дошт, девони ғазалиёти Саъдию Ҳофизро пайваста меомӯхт.
 
Баъди ташкил шудани мактабҳои шӯроӣ, ӯ аз ҷумлаи нахустин шогирдони болаёқати он мактаб буд. Боқӣ Раҳимзода аввал Техникуми педагогии шахри Самарқанд ([[1931]]),баъдтар Дорулмуаллимини тоҷикии шахри Тошканд(1938) ва ниҳоят Институти омӯзгории шаҳри Душанберо ([[1941]]) бо баҳои аъло хатм намуд. Шавқи шеър барвақт дар қалби ӯ ҷой гирифта буд, аввалин шеърҳои солҳои 30-юм дар саҳифаи рӯзнома ва маҷаллахо чоп шуданд.