Стандарти байналмилалии рақамгузории китоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 3:
== ISBN дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ==
Соли 2005-ум бо мақсади муовинати фарҳангӣ ва риоя аз стандарти ҷаҳонии нашри китоб бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ҷумҳурии мо ба узвияти Созмони ҷаҳонии стандарти байналмилалии рақамгузории китоб (ISBN) пазируфта шуд. Бо ин мақсад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.07.2005, №239 ва фармони [[Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон]] аз 26.10.2005 №166 ба тасвиб расид. Бар ин асос дар заминаи [[Палатаи давлатии китоби Тоҷикистон]] Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии раққамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон» таъсис ёфт ва намояндаи ISBN дар ҷумҳурии мо ҳамин муассиса таъин гардид. Тибқи қарори боло тамоми муассисаҳои табъу нашр ва матбааҳои кишвар сарфи назар аз шакли моликият, самти фаъолият ва тобеияти идорӣ муваззаф карда шудаанд, ки минбаъд бе истифода аз ISBN китобу ҷузва ба табъ нарасонанд.
 
<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.131</ref>
 
 
== Манбаъ ==
<references />
 
[[Гурӯҳ:Китоб]]
[[Гурӯҳ:Нашриёт]]
[[Гурӯҳ:Созмонҳои байналмиллалӣ]]