Гиёҳхорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироишгари дидорӣ вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 46:
==Маълумоти умумӣ==
 
==Хел ва тарзҳои гиёҳхӯрӣ==
 
Гиёҳхӯрон дар асоси тарзи фикрронй ва ҳадафашон аз гиёҳхӯрӣ ба дастаҳои мухталифе таксим мешаванд:
Веган: як равиши хурокхурӣ ва зиндагй аст, ки ҳадафи он ҳифзи ҳар навъ маҳсулоти ҷонварӣ чӣ дар ғизо ва чӣ дар маводи масрафй аст. Муҳимтарин далели веган шудани афрод (касоне ки ба веганизм эътиқод доранд) масъалаҳои этикӣ ва риояи ҳуқуқи ҳайвонот, ҳифзи муҳити зист, ҳифзи саломатӣ, масъалаҳои маънавӣ ва ё мазҳабӣ аст. Бисёре аз шахсони веган ба парвариши саноатии ҳайвонот ва озмоиши онҳо мухолифат мекунанд. Аз мухимтарин маҳсулоти ҳайвонӣ, ки веганҳо аз истифодаашон худдорӣ мекунанд метавон намудҳои гушт (гӯшти сурх, моҳй, мурғ ва гайра), шир, тухм, асал, абрешим, чарм, ва ғайраро ном бурд, ва низ маҳсулоте ки, дар онҳо аз маҳсулоти ҳайвонй (ба монанди желе ки аз желатин ба даст меояд) истифода шудааст.
Хомгиёҳхурон: дар ин равиши таомхурӣ гӯшт, шир ва маҳсулоти ширй, тухми мурғ ба ҳеҷ навъ ва сурате масраф намешавад. Хомгиёҳхурон аз маводи монанди қаҳва, чой нушокиҳои спиртӣ ё сигор худдорй мекунанд ва онҳоро ба кор намебаранд. Ғизоҳои онҳо аз намудҳои меваҷот, сабзавот ва салатҳои хом, хушкмева монанди чормагз, писта, финдиқ, бодом, кунҷит ва донаҳои гандум, наск, мош, нахуд, соя ва шириниҳо мисли мавиз, хурмо анҷир иборат аст, ва онҳоро дар сурати хом ва табиӣ истифода мебаранд.
Мевахурон: Он даста аз хом гиёҳхуроне ҳастанд ки танҳо аз меваҳо ва маҳсулоти гиёҳон истифода мекунанд.
Лакто-вегетарианҳо: гиёҳхуроне ки намудҳои гушт ва тухми мургро истифода намекунанд, аммо шир ва маҳсулоти шириро истифода мабаранд.
Ово- вегетарианҳо: гиёҳхуроне ки маҳсулти гуштӣ ва шириро истифода намебаранд, лекин тухми мурғро истифода мебаранд
Ово-лакто вегетарианҳо: гиёҳхуроне ки маҳсулоти ширӣ ва тухми мурғро истифода мебаранду аз гушт ва маҳсулоти гуштӣ парҳез мекунанд.
Нимгиёххурон: гиёҳхуроне ки гушти сурхро парҳез мекунанд, аммо гушти мург ва моҳиро истифода мекунанд.
Пескетарианҳо: гиёҳхуроне ки аз гушти сурх ва мург парҳез мекунанд, аммо гушти моҳиро истифода мебаранд.
 
==Ҷуғрофия==