Гиёҳхорӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 64:
Аммо донишмандони англис кашф карданд, ки калиди зиндагии тӯлонӣ коҳиши андозаи сарфи протеин аст ва на маҷмӯаи калорияи дарёфтии инсонҳо. Ба ин тартиб бар асоси кашфиёти навин мардум бидуни ниёз ба коҳиши андозаи калория ки дар тӯли рӯз сарф мекунанд метавонанд бо камтар сарф кардани маводи протеинй монанди гӯшт, моҳӣ ва ғайра умри худро афзоиш диҳанд. Доктор Мэттью Пайпер аз донишгоҳи колеҷи Лондон дар ин бора мегуяд: режимҳои ғизоии вобаста ба гиёҳхӯрӣ яке аз равишҳои расидан бар ин ҳадаф аст. Пажӯҳишҳои мо нишон медиҳад, ки коҳиши 30 дарсад дар андозаи калория дар тӯли рӯз метавонад хатари гирифтори саратон ва ҳамлаи дилро наздик ба 50 дарсад коҳиш дода ва тӯли умри инсонҳоро 33 дарсад афзоиш диҳад. Донишмандон бо анҷоми пажӯҳишҳо бо магасҳо муайян намуданд, ки аминокислотаҳо таъсири зиёде ба умри инсонҳо доранд. Бахусус тағйир дар андозаи сарфи як аминокислота ба номи метионин бисёр дар афзоиши тӯли умр вобаста будааст. Агарчӣ байни инсонҳо ва магасҳо тафовути зиёде вуҷуд дорад, аммо пажӯҳишгарон боварй доранд, ки натиҷаи ин озмоишҳо ба қисми зиёди ҳайвоноти гуногун ва ҳамчунин инсонҳо мувофиқат мекунад. Метионин дар шаклгирии бисёре аз протеинҳо лозим аст. Ин модда ба таври табиӣ дар ғизоҳое монанди моҳӣ, гӯшт ва тухм вуҷуд дорад. Он ҳамчунин дар маводҳои растанӣ ба монанди меваву сабзавот ва лӯбиёгиҳо ба миқдори кам мавҷуд аст.
Мувофиқи маълумоти Анҷумани Диетологии Амрико (ADA) режимҳои ғизоии гиёҳхӯрон, гиёҳхӯрони комил ё веганҳо солим ҳастанд ва на танҳо маводи хурокаи лозим барои баданро таъмин мекунанд, балки дар пешгирӣ ва дармони бемориҳои ҳамчун фарбеҳӣ, диабети қанд ва бархе саратонҳо судманданд.
==Давомнокии умр==
Як пажӯҳиши умумӣ дар соли 1999 [8] натиҷаҳои 5 пажӯҳишҳои ғарбиро дар ин замина ҷамъбаст кард. Ин анализи пажӯҳишӣ мизони маргро (уровень смертности) ингуна гузориш кард (рақамҳои хурдтар нишондиҳандаи марги камтар аст): дар байни шахсони моҳихур 0,82, гиёҳхӯрон 0,84, гӯштхӯрони гоҳгоҳӣ 0,84, гӯштхӯрони муназзам ва веганҳо ҳам бештарин мизони марг ба андозаи 1 – ро доштанд. Ин мутолиа теъдоди маргҳоро дар ҳар даста гузориш кардааст ва интизори тоифае аз хатоҳоро дорад, ки барои ҳар нисбат ва параметрҳо сурат гирифтааст, мумкин аст рӯй диҳад.
Ба ҳар ҳол “мизони марги камтар, бисьёр ба хотири (нисбатан) камтар тамокукашӣ дар ин гиёҳхурон будааст”. Дар сабабҳои асосии марг ки пажӯҳиш шудаанд, танҳо як тафовут дар мизони марг ба режими ғизоӣ нисбат дода мешавад, ки “гиёҳхӯрон дар муқоиса бо гӯштхӯрон 24 дарсад мизони марги камтаре бар асари бемории ишемии дил доштанд; ва ҳеҷ вобастагие байни режими ғизоии гиёҳхӯрӣ бо дигар сабабҳои асосии марг муайян нашуд.” [8]
Дар “мизони марги гиёҳхӯрони бритониёӣ”[9] натиҷаи монанде ба даст омад: “гиёҳхӯрони бритониёӣ мизони марги камтаре дар муқоиса бо мардуми оддӣ доранд. Мизони марги онҳо монанди шахсони ғайригиёҳхӯр қобили муқоиса бо онҳост, ки нишон медиҳад, бештари ин бартарӣ метавонад ба факторҳои сабки зиндагии новобаста ба режими ғизоӣ нисбат дода шавад, мисли камтар тамоку кашидан ва вазъияти иҷтимоӣ ва иқтисодии умуман болои онҳо, ё паҳлуҳои дигари режими ғизоии онҳо ғайр аз парҳез аз гӯшт ва моҳӣ.” [10]
Пажӯҳиши беҳдошт ва тандурустии адвинтистон - пажӯҳиш дар ҷараёне аст оиди давомнокии умри адвентистҳои рӯзи ҳафтум. Ин танҳо пажӯҳише аст дар байни дигар пажӯҳишҳо ки гувоҳи мусбатеро барои гиёҳхӯрӣ дорад. Пажӯҳишгарон дарёфт карданд, ки комбинацияи сабкҳои зиндагии мухталиф метавонад давомнокии умрро то ба андозаи 10 сол таҳти таъсир қарор диҳад. Дар байни сабкҳои зиндагии мухталиф баррасишуда, режими ғизоии гиёҳхӯрӣ тахмин карда шуд ки ҳудуди 1,5 - 2 сол ба зиндагӣ бияфзояд.[11]
Пажӯҳиши беҳдошт ва тандурустии адвентистон. Дар як пажӯҳиши дигар низ ин масъала таҳти тадқиқот бо номи “оё масрафи ками гӯшт давомнокии умрро дар инсонҳо афзоиш медиҳад?” гирифта шудааст, ки тавассути Журнали Амрикоии Диетологияи Тиббӣ нашр шудааст. Ин пажӯҳиши ҷамъбастӣ нишон дод ки истеъмоли камтари гӯшт (камтар аз як бор дар як ҳафта) ва дигар интихобҳои сабки зиндагӣ ба сатҳи назаррас давомнокии интизоршавандаи умрро афзоиш медиҳад.[12] Ин пажӯҳиш хулоса дод, ки “ натиҷаҳо аз як гурӯҳи калонсолони солим ин эҳтимолро боло мебарад ки пайравии тӯлонӣ (зиёда аз 2 даҳсола) аз як режими гиёҳхӯрӣ метавонад баъдан ба муҳлати 3 – 6 сол афзоиш дар давомнокии умрро таъмин кунад.”
 
Ба ҳар ҳол ин мутолиа ҳамчунин натиҷа гирифт “ баъзе аз чандсониҳо дар бартарии зинда мондан дар гиёҳхӯрон мумкин аст бар асари тафовутҳои назаррас дар байни пажӯҳишҳои дар ин мавридҳо буда бошад: муқоисаҳои оморӣ, муайян кардани намудҳои гиёҳхӯрӣ, хатогиҳои ченкунӣ, тақсимоти синну сол, таъсири довталаби солим ва хӯрдани гиёҳҳои ғизоии хос аз тарафи гиёҳхӯрон. Ин пажӯҳиш ҷилватар мегӯяд: “Ин масъала ин эҳтимолро боло мебарад ки як диетаи камгӯшт ва пургиёҳ мумкин аст омили муҳофизатии сабабноки дуруст бошад ба ҷои танҳо дур кардани гӯшт аз режими ғизоӣ”.
Дар як шарҳи охир бар пажӯҳишҳои марбут ба шаблонҳои режими камгӯшт вобаста ба мизони марг бо сабабҳои гуногун Сингх ёдовар мешавад ки “5 то аз 5 пажӯҳиш ишора мекунанд ки калонсолоне ки аз як шаблони камгушт ва пургиёҳ пайравӣ кардаанд нисбат ба шаблонҳои дигари ғизоӣ коҳиши назаррасе дар хатари фавт доранд.
Анализҳои оморӣ, ҳамчун муқоисаи давомнокии умр бо маҳалли зиндагӣ ва режими ғизоии маҳаллӣ дар Аврупо ҳам, давомнокии умрро дар сатҳи назаррас дар ҷануби Фаронса бештар ёфтаанд, ки дар он ҷо режими баҳримиёнагии камгушт ва пургиёҳ маъмул аст, дар муқоиса бо шимоли Фаронса ки дар он ҷо режими бомӯҳтавои гӯштӣ зиёд маъмул аст. [13]
 
==Ҷуғрофия==