Турсун Ӯлҷабоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 10:
'''Турсун Ӯлҷабоев''' - [[1 май]]и соли [[1916]] дар деҳаи Қуруқи [[ноҳияи Бобоҷон Ғафуров| ноҳияи Хуҷанди]] - [[31 май]]и соли [[1988]]), ходими ҳизбӣ ва давлатӣ, [[Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон]] байни [[24 май]]и, соли [[1956]] ва [[12 апрел]]и, соли [[1961]] буд.
== Ҳолнома ==
Турсун Улҷабоев [[1 май]]и соли [[1916]] дар деҳаи Қуруқи [[ноҳияи Бобоҷон Ғафуров| ноҳияи Хуҷанди]], [[вилояти Суғд]] ба дунё омадааст. Соли 1935 техникуми омузгорӣ ва с. 1950 Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ дар шаҳри [[Москва]] хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар ноҳияи Нов (1935 – 1937) саркарда, сипас ба ҳайси мудири шӯъбаи пешоҳангони кумитаи комсомолии ноҳияи Нов, котиби якуми Кумитаи Марказии ИЛКҶ (комсомоли) Тоҷикистон (1941 – 1945), котиби якуми кумитаҳои ҳизби коммунисти вилоятҳои Сталинобод, Кӯлоб ва Ленинобод (1950-1954), котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (1954-1955), Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон (1955-1956), [[Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон]] (аз майи соли [[1956]] то апрели соли [[1961]]) кор кардааст. Маҳз бо ташаббусу сарварии Турсун Ӯлҷабоев соли [[1960]] сохтмони [[Нерӯгоҳи барқии обии Норак]] ҷомаи амал пӯшид.
Дар пленуми КМ ҲКИШ (апрели с. 1961) ҳамроҳи Раиси Шӯрои Вазирони ҷумҳурӣ Н. Додхудоев дар қаллобии мунтазами ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва ҳисоботҳои бардурӯғ пешниҳод кардан дар бораи иҷроиши нақшаҳои пахтасупорӣ ба давлат гунаҳгор дониста шуд ва аз ҳамаи вазифаҳо озод ва аз ҳизби коммунистӣ хориҷ гардид.Турсун Улҷабоев баъдан сафед карда шудааст.
 
== Фаъолияти баъдина ==
Солҳои минбаъда ба ҳайси директори совхози қафомондаи «Метин - туғай», ҳоло хоҷагии ба номи Турдиеви ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон (1961-1964), директори совхози «Ғарм» - и ноҳияи Комсомолобод (1964-1973), ҷонишини директор, аз соли 1976 то соли 1986 директори совхози «ХХII партсъезд» - и ноҳияи Куйбишев (ҳоло ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ) кор кардааст.