Ҷанги Бузурги Ватанӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Таҳрир
Сатри 14:
 
 
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ходисаи ҷамъияти, бо роҳи зури давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона ташкил медиҳад. Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945), ҷанги одилонаю озодихохонаи халқи собиқ Шӯравӣ барои озодӣ ва ҳимояи[[Ҳимояи Ватанǀҳимояи Ватан]] алайҳи фашизм буд. Рохбарони сиесии Германия бо иттифоқчиёнашон Италия, Венгрия, Финляндия, Руминия, Испания 110 дивизияро зидди ИҶШС ба ҷанг сафарбар намуданд. Мақсади истилогарон дар муддати кутоҳ несту нобуд кардани Армияи Сурх ва шикаст додани ИЧШС буд. Новобаста аз омодагии амик ва бартарӣ аз ҳисоби дороии техникаи ҷангӣ ба мардуми шарафманд ва бо нангу номуси Шурави муяссар шуд, ки зафар ебад. Халки советӣ дар ҳама самтҳои асосии амалиети ҷангӣ: Ленинград, Москва, Сталинград, Курск, Днепр ва ғайра бо курбонии зиёд муқобили душман истодагарӣ намуда, қушунҳои фашистиро маҳв месохт. Неруи тавоноии мардум руҳи «шикастнопазирии» душманро шикаст. 8 майи соли 1945 Германия ба акти таслимшавӣ имзо гузошт. 9 май Рузи иди Ғалаба эълон гардида, анъанаи таърихӣ гардид. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) 27 миллион мардуми шӯравӣ ҳалок шудааст, зиёда аз 1700 шаҳрҳо вайрон карда шуданд, миллионҳо бе хонву хоҷагидорӣ монданд.
==Саҳми Тоҷикистон==
Ҳазорон нафар фиристодагони Тоҷикистон дар ин муҳорибаҳо ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок намуда, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - [[Қаҳрамони Иттифоқи Шўравӣ]], 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд. Дар муҳорибаҳои шадид тоҷикистониён ҷасорату шуҷоати беҳамто нишон доданд. Дар байни онҳо - Қаҳрамонони Иттифоқи Шўравӣ Неъмат Қарабоев, [[Ҳоди Кенҷаев]], [[Туйчи Эрҷигитов]], [[Сафар Амиршоев]], [[Исмоил Ҳамзаалиев]], [[Эргаш Шарипов]] ва чандин ҷанговарони тоҷикистониро номбар кардан мумкин аст, ки баҳри дифои Ватан дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд.