Сотим Улуғзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х →‎Пайвандҳои беруна: иловаи гурӯҳ
No edit summary
Сатри 12:
 
== Зиндагинома ==
Сотим Улуғзода [[2 сентябр]]и [[соли 1911]] дар деҳаи Варзики ноҳияи Чуст (вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Волидони Сотимхон аз табақаи кишоварзони камбизоат, вале соҳибдил буданд. Модараш зани босавод буда, гоҳе машқи шеър мекардааст. Сотимхон дар сини нӯҳсолагӣ аз модар ва дар даҳсолагӣ аз падар бенасиб мемонад. Баъдан вай дар мактаби усули нав, ки дар Чуст ташкил шуда буд, ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Соли 1925 ба сафи донишҷӯёни Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд пазируфта шуда, соли 1932 онро хатм мекунад ва як сол дар ҳамин муассисаи таълимӣ ба касби муаллимӣ машғул мешавад. Чор соли таҳсил ва як соли фаъолияти муаллимӣ дар Дорулмуаллимин дар ташаккули шахсият ба ҳисси худшиносии Сотимхон мусоидат менамоянд. Ӯ дар ин муддат ба эҷодиёти Рӯдакиву Фирдавсӣ ва дигар шоҳсутунҳои адабиёти ҳазорсолаи тоҷик шинос мешавад, ба С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Нисор Муҳаммад, А. Фитрат барин шахсиятҳои фарҳангии тоҷик вомехурад ва аз забони рус М.С. Андреев пандеро ба маънои “халқи худро шинос” ба гӯш мегирад. Ҳамчунин, дар солҳои дар Дорулмуаллимини Тошканд таҳсил карданаш С Улуғзожа ба донишҷӯйи факултети шарқкшиносии университети осиёи миёна Клавдия Блоговешенская дӯстӣ пайдо намуда, баъдҳо ба ӯ издивоҷ намуд ва онҳо соҳиби ду фарзанд – Азиз ва Норахон гардиданд. Сотим Улуғзода соли 1930 ба пойтахти Тоҷикистон – [[Сталинобод]] омада, дар идораи рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон ” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”), “Тоҷикистони сурх” (ҳоло “Ҷумҳурият”) ва маҷаллаи “Барои адабиёти сотсиалисти” (ҳоло ”Садои Шарқ”) фаъолият мекунад. Солҳои 1934 – 1937 вазифаи котиби масъули раёсати [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]ро ба ӯҳда дошт. Фаъолиятӣ С Улуғзода водор менамуд, ки ба шаҳру ноҳия ва деҳот сафарҳо карда, зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар омӯзад дар айни, ҳол дар ниҳоди ӯ шавқу рағбати тадқиқи таърихи адабиёти тоҷик то рафт меафзояд. Ин аст, ки соли 1940 ба аспирантураи Инситути адабиёти ҷаҳонии Москва дохил гардида ҷиддан ба фаъолияти илмӣ мепардозад. Соли 1941 баробари оғоз гардидани Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Сотим Улуғзода ба сафаи Қувваҳои Мусуллаҳ ҷалб мешавад ва то соли 1944 дар рӯзномае, ки ба фронти ғарбӣ тааллуқ дошт, фаъолият менамояд. Адиб соли 1944 аз сафи артиш ба ақибгоҳ даъват мешавад ва то соли 1946 вазифаи раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ӯҳда мекунад. Нависанда аз соли 1946 то охири умр танҳо ба корӣ эҷодӣ шуғл меварзад. Сотим Улуғзода баъди солҳои 50 – ум ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ гардид. Писараш Азиз ки хатмкардаи Университети давлатии ба номи М. Ломоносов шаҳри Москав буду он ҷо ба сифати омӯзгоромузгор фаъолият дошт, соли 1967 ҳангоми сафари расмӣ ба [[Ҳиндустон]] аз сафоратхонаи Англия паноҳгоҳи сиёсӣ хоста ба хориҷа муҳоҷират намуд. Баъди ин ҳодиса С Улуғзода ба таъқиби сахти Ҳукумати Шӯравӣ гирифтор гардид. Нависандаро аз сафи ҳизби коммунистӣ (КПСС) ронданд, чоп ва тадриси асарҳояш боздошта шуд. Аз нимаи дуввуми солҳои 80 – ум саркарда, вазъи сиёсии мамлакат тағйир ёфт ва С Улуғзода дар ҷодаи адабиёти тоҷик аз нав мавқеи муносиб пайдо намуд. Дар арафаи аз байн рафтани [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] адиб бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон ва ҷоизаи адабии ба номи Рӯдакӣ сазовор гардид. Нависанда соли 1992 шаҳри Москавро истиқоматгоҳи поёни умр қарор дод. Соли 1997 романи “Фирдавсӣ”–и С.Улуғзода ба сифати “Романи сол”-и Ҷумҳурии исломии Эрон пазируфта шуда,нависанда ба баҳои чиҳил сиҳи сиккаи тилло (баробари чаҳор ҳазор доллари амрикои) сазовор гардид. Ин охирин мукофоте буд,ки соҳибашро дарёфт намуд. Нависандаи халқии Тоҷикистон ва Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Сотим Улуғзода [[25 июн]]и [[соли 1997]] дар шаҳри [[Москав]] алоқамандону мухлисонашро абади падруд гуфт. Бо амри Ҳукумати Тоҷикистон ҷасади адиб ба [[Душанбе]] оварда шуд ва чанд соат сокинони пойтахт тавонистанд, ки дар толори Театри опера ва болети ба номи С Айнӣ бо нависанда маъруфи Тоҷикистон видоъ намоянд. Манзили ҳамешагии Сотим Улуғзода дар мазори Лучоб шаҳри [[Душанбе]] қарор гирифт.
== Эҷодиёт==
С Улуғзода бо ҳамкории донишҷӯйи факултети шарқшиносии Университети Тошканд Понов повести “Сом ва Дик” –и М.А.Алексеевро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намуд ва ин тарҷума бо кӯшиш ва дастгирии устод Айнӣ ба нашр расид. Бадҳо С Улуғзода ин соҳаро бо муваффақият идома дод ва чун сермаҳсултарин тарҷумон дар адабиётӣ садаи асри XX тоҷик эътибор пайдо кард. Тарҷумаҳои С Улуғзода, аз ҷумла асарҳои Э.Л.Войнич “Занбӯр” (1931), В.Билл – Белосековский “Ҳаёт даъват мекунад” (1935), Н.Погодин ва “Одами милтиқдор” (1940), А.Н.Островский “Гунаҳгорони бе гуноҳ” (1945), М.Горкий “Модар” (1953), Шекспир “Дон Кихот” (1974), Ч.Айтматов “Қуллаи Фудзияма” ҳоло ҳам аз беҳтарин тарҷумаҳо дар адабиёти тоҷик мебошанд.