Тошхӯҷа Асирӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 13:
 
==Ҳолнома==
Тошхуҷа Асирӣ соли [[1864]] дар шаҳри бостонии [[Хуҷанд]] дар оилаи ҳунарманди сангиосиётарош таваллуд ёфтааст. Асирӣ таҳсили ибтидоиашро дар [[Хуҷанд]] гирифта, соҳиби хату савод шуд. Баъд барои такмили дониши худ ба шаҳри [[Қӯқанд]], ки яке аз марказҳои илмию адабии [[Осиёи Миёна]] ба ҳисоб мерафт, рахти сафар барбаст. Асирӣ усули таҳсили мадрасаҳои Қӯқандро напазируфта, тарки таҳсил кард ва илмҳои маъмули замонаашро мустақилона омӯхтомухт. Асирӣ ба доираи адабии [[Қӯқанд]] наздик мешавад. Сарвари ин доираи адабӣ Муқимӣ ва Фурқат буданд ва онҳо низ дар мактаби маорифпарварии [[Аҳмади Дониш]] тарбия ёфта, дар инкишофи адабиёти [[ӯзбек]] саҳми калон гузоштанд. Дар он рӯзгор [[Қӯқанд]] ба ҳайати [[Русия]] дохил мешуд ва таъсири илму маданияти [[рус]] ба он хеле калон буд. Аз ин ҷост, ки Асирӣ дар [[Қӯқанд]] забони русиро омӯхт ва ба адабиёту маданияти он аз наздик ошно шуд.
Пас аз 8 соли зиндагӣ ва таҳсил Асирӣ боз ба [[Хуҷанд]] баргашт ва ба касби меросии [[сангиосиётарошӣ]] машғул гардид ва дар баробари ин шеър эҷод мекард.
Асирӣ соли [[1915]] дар шаҳри [[Хуҷанд]] аз дунё чашм пушид.