Википедиа:Барои навкорон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
No edit summary
Сатри 1:
<center><u>Ин дастури хеле мухтасар ба шумо имконият медиҳад, ки бо сарфи камтарини вақт мақолаи аввалини худро бинависед ва онро дуруст тарҳрезӣ кунед. Умедворем, ки шумо аз иштирок дар ин лоиҳа кайфияти зиёде мебаред.</u></center>
 
Савлатшоӽ Мерганов - шарқшиноси шинохтаи тоҷик, ки зиёда аз 35 сол дар мамлкакти Афғонистон кору фаъолият кардааст. Савлатшоӽ Мерганов 13 сентябри соли1937 дар қишлоқи Ҷорфи ноӽияи Дарвози вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба дунё омадааст. Падари Савлатшоӽ Мерганов Мулломир ном доштанд ва ба сабаби ӽавасу шуғли шикор доштану нишонзани моӽир буданашон лақаби «Мерган»-ро гирифта буданд. Замоне, ки мактаб рафтанд ба Савлатшоӽи хурдсол фамилияи Мергановро доданд, зеро номи Мулломир бо ӽиссаи «мулло» ба талаби замон мувофиқ набуд.
Падарашон хеле барвақт, тобистони соли 1946 дар вақти нӯӽсолагии Савлтшоӽ нобаӽангом вафот карданд. Тарбияи ӯ ба зиммаи модараш Ӽарамгул ва амакаш Иззатшоӽ Воӽидов ва баъдан амаки хурдиаш Зиёратшоӽ Воӽидов афтод.
Баъди хатми синфи шашум ба интернати шаӽраки Навободи ноӽияи Рашти имрӯза омад. Таӽсили мактабро дар ӽамин интернат анҷом дода, соли 1955 ба факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, дар соӽаи забон ва адабиёти тоҷик хонишро идома дод.
Баъди анҷоми таӽсил дар курси дуюм равиши таӽсили ӯ дигаргун шуд, ки ба тақдири минбаъдааш таъсир гузошт. Бо роӽнамоии донишманди забоншинос ва шевашиноси тоҷик Р.Л. Неменова ба факултаи шарқшиносии Донишгоӽи давлатии Ленинград (ӽоло Санкт-Петербург) интиқол ёфт. Дар ин ҷо дар кафедраи эроншиносӣ бо ихтисоси забон ва адабиёти пашту таӽсил мекард. Аз донишмандони машӽури эроншинос А.Н. Болдырев ва М.Н. Боголюбов асосӽои илми эроншиносӣ, забон ва адабиёти форсиро омӯхтааст.
Соли 1961 баъди хатми тањсил дар донишгоњи Ленинград ба Университети давлатии Тољикистон ба кафедраи забон ва адабиёти тољик ба кор омад. Як сол ба њайси ассистенти кафедраи забону адабиёти форсї фаъолият дошт ва соли 1962 ба Институти шарќшиносї ва осори хаттии Академияи илмњои Тољикистон даъват шуд. То соли 1965 дар академия ба кори омўзишу тањлили илмї машѓул буд.
Соли 1966 дар Институти шарќшиносии Маскав ба сифати муњаќќиќи коромўз пазируфта шуд ва баъди як сол ба аспирантураи назди њамин пажўњишгоњ дохил шуд. Тањсилро ба поён нарасонида, соли 1967 ўро ба Афѓонистон ба њайси сартарљумони гурўњи мушовирони шўравї дар назди вазорати банаќшагирии Афѓонистон фиристонданд. Чун Савлатшоњ Мерганов забонњои русї, пашту ва форсии дариро хуб медонист, ба њайси тарљумон дар миёни ходимони сиёсї, иќтисодї ва иљтимоии шўравӣ мақом ва эътибори хосс дошт. Ваќте раиси шўрои вазирони Иттињоди Шўравї А.Н. Косыгин ба Афѓонистон сафар карда буд, чанд навбат вазифаи тарљумонии ўро Савлатшоҳ Мерганов ба ҷо овард.
Аз сафари Афѓонистон соли 1972 баргашта, тањсилашро дар аспирантура идома дод. Њамин сол дар мавзўи «Хусусиятњои забонї ва шеърии зарбулмасалњои пашту» дар Институти шарќшиносии АИ Иттињоди Шўравї рисолаи номзадї њимоя кард. Баъди њимояи рисолаи номзадї ба љойи кори асосии худ –Институти шарќшиносии Академияи илмњо баргашт. Аммо соли 1974 боз барои кор аз нав ба Афѓонистон даъват шуд ва дар мусташорияти иќтисодии сафорати Шўравї њамчун узви шўъбаи иќтисодї ва њам сартарљумон то миёнаи моњи декабри соли 1979 кору фаъолият намуд. Баъди ба ватан баргаштан дар институти шарќшиносии АИ Тољикистон ба кор шурўъ намуд ва аз соли хониши 1980 то 1988 дар Донишгоњи миллии Тољикистон, ки шўъбаи пашту кушода шуда буд, ба сифати дотсенти кафедра забон ва адабиёти паштуро дарс медод.
Ҳамчун шарқшинос, мутахассис оид ба омӯзиши забони пашту ва форсии дарӣ дар ҳамоишҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар Русия ва Олмон иштирок кардааст. Соли 1986 дар конференсияи шарќшиносони љањон, ки дар шањри Њамбурги Олмон доир гардид, иштирок карда, дар бораи фолклори паштузабони Афѓонистон бо маърўза баромад карда буд.
Соли 1988 боз ба Афѓонистон равон гардид ва то охири соли 1994 ба сифати мушовири њукумати Афѓонистон дар соњаи њамкорињои мустаќим байни љумњурињои Шўравї (баъд аз пошхурдани Шуравї – Русия) ва њам мушовири раиси АИ Афѓонистон иљрои вазифа намуд. Аз соли 1995 то соли 2004 дар Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Русия сухангўй ва тањиягари барномањои адабии радиои «Садои Русия» ба забонњои пашту ва форсї буд.
Баъди фосилаи сафари Афѓонистон ва кор дар радиои Маскав, соли 2004 ба Донишгоњи миллии Тољикистон баргашт ва то рўзњои охири умраш устоди таълими забону адабиёти пашту буд.
Азбаски таърихи адабиёт, забони пашту ва амалияи ин забонро хуб медонист, дар миёни донишљўён ва устодони донишгоњ иззату эътибори хосса дошт.
Ў донандаи хуби вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон буд ва ўро борњо барои шањр додани ин ё он масъалањои марбут ба радиову телевизион таклиф мекарданд.
 
Бо вуљуди масруфияти зиёд бо корњои идорї ва сафарњои тўлонї ба Афѓонистон Савлатшоњ Мерганов ба илмњои забоншиносию таърих шавќи зиёд дошт ва ба иловаи рисолаи номзадї чанд китоб, маќолањо ва тањќиќот аз зери ќалами ў баромадаанд. Китобњо зери унвони «Забони дарї», «Афѓонистони навин», «Таърихи њузн ул - миллали Бухоро», «Ќабули калимањо ва истилоњоти навин дар забони пашту» ва ѓайра ба ќалами ў тааллуќ доранд. Дар бораи зумрае аз адибони Афѓонистон, ки бо адабиёти тољик пайвастагї доштанд, маќола ва ёддоштњои судманд навишта, дар рўзномаву маљаллањои Тољикистон чоп кардааст. Яке аз чунин маќолањои љолиб ба рўзгор ва ашъори шоири соњибдевон Авлиёњусайн Маѓмуми Дарвозї бахшида шудааст. Китоби «Маљмўаи адабиёти Дарвоз»-и Њиљрати Дарвозиро бо њамроњии С. Ќаландар ба чоп омода карда, ба табъ расонидааст.
Аз рўзгори подшоњи Афѓонистон Абдуррањмонхон, амири охирини Бухоро Олимхон маќолањо навишта, ёддоштњои амир Олимхонро низ чоп кардааст.
Устод Савлатшоњ Мерганов дар миёни ањли сиёсат ва илму адаби замони худ эътибор ва шўњрати хосс дошт. Дар Афѓонистон бисёр касон аз ањли сиёсат, илму адаб ва касбу пеша бо ў ошної доштанд ва маќому мартабаи инсонии ўро бузург медоштанд ва арљгузорї менамуданд. Дар миёни ањли илму адаби Афѓонистон ва бахусус дар ватани худаш Тољикистон дўстону ќадршиносони зиёде доранд. Онњо фазлу адаб, шўхию њазлњо ва мењрубонињои Савлатшоњро, ки њаќиќатан шоњ буду шоњона рафт, дар ёд ба ёд мебаранду рўњу тинати покашро нигоњ медоранд.
 
=== Қадами 2. Барои мақолаатон номи мувофиқро интихоб кунед. ===