Википедиа:Барои навкорон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х Вироиши Yahyoev Abdurahmon (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки AryanBot анҷом дода буд
Сатри 1:
<center><u>Ин дастури хеле мухтасар ба шумо имконият медиҳад, ки бо сарфи камтарини вақт мақолаи аввалини худро бинависед ва онро дуруст тарҳрезӣ кунед. Умедворем, ки шумо аз иштирок дар ин лоиҳа кайфияти зиёде мебаред.</u></center>
=== 1 Қадами 1. Мавзӯро барои мақолаатон интихоб кунед. ===
 
Мавзӯеро интихоб кунед, ки ба шумо маъқул аст. Мавзӯҳои доғи рӯз ва ё ба ҷомеа заруриро, агар ба шумо писанд набошанд, интихоб накунед. Дар ибтидо муҳим нест, ки шумо ин мавзӯро хуб донед, вале шумо бояд хоҳиши дарки амиқи онро дошта бошед. Хеле хуб аст агар дар оғоз шумо бидонед, ки маълумоти саҳеҳро аз куҷо дастрас кардан мумкин аст.
Савлатшоӽ Мерганов - шарқшиноси шинохтаи тоҷик, ки зиёда аз 35 сол дар мамлкакти Афғонистон кору фаъолият кардааст. Савлатшоӽ Мерганов 13 сентябри соли 1937 дар қишлоқи Ҷорфи ноӽияи Дарвози вилояти Бадахшони Тоҷикистон ба дунё омадааст. Падари Савлатшоӽ Мерганов Мулломир ном доштанд ва ба сабаби ӽавасу шуғли шикор доштану нишонзани моӽир буданашон лақаби «Мерган»-ро гирифта буданд. Замоне, ки мактаб рафтанд ба Савлатшоӽи хурдсол фамилияи Мергановро доданд, зеро номи Мулломир бо ӽиссаи «мулло» ба талаби замон мувофиқ набуд.
Дар бораи манбаъҳои маълумот инҷоро. нигаред
Падарашон хеле барвақт, тобистони соли 1946 дар вақти нӯӽсолагии Савлтшоӽ нобаӽангом вафот карданд. Тарбияи ӯ ба зиммаи модараш Ӽарамгул ва амакаш Иззатшоӽ Воӽидов ва баъдан амаки хурдиаш Зиёратшоӽ Воӽидов афтод.
Баъди хатми синфи шашум ба интернати шаӽраки Навободи ноӽияи Рашти имрӯза омад. Таӽсили мактабро дар ӽамин интернат анҷом дода, соли 1955 ба факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон дохил шуда, дар соӽаи забон ва адабиёти тоҷик хонишро идома дод.
Баъди анҷоми таӽсил дар курси дуюм равиши таӽсили ӯ дигаргун шуд, ки ба тақдири минбаъдааш таъсир гузошт. Бо роӽнамоии донишманди забоншинос ва шевашиноси тоҷик Р.Л. Неменова ба факултаи шарқшиносии Донишгоӽи давлатии Ленинград (ӽоло Санкт-Петербург) интиқол ёфт. Дар ин ҷо дар кафедраи эроншиносӣ бо ихтисоси забон ва адабиёти пашту таӽсил мекард. Аз донишмандони машӽури эроншинос А.Н. Болдырев ва М.Н. Боголюбов асосӽои илми эроншиносӣ, забон ва адабиёти форсиро омӯхтааст.
Соли 1961 баъди хатми тањсил дар донишгоњи Ленинград ба Университети давлатии Тоҷикистон ба кафедраи забон ва адабиёти тољик ба кор омад. Як сол ба ҳайси ассистенти кафедраи забону адабиёти форсӣ фаъолият дошт ва соли 1962 ба Институти шарқшиноси ва осори хаттии Академияи илмҳои Тоҷикистон даъват шуд. То соли 1965 дар академия ба кори омўзишу таҳлили илми машғул буд.
Соли 1966 дар Институти шарқшиносии Маскав ба сифати муҳаққиқи коромўз пазируфта шуд ва баъди як сол ба аспирантураи назди ҳамин пажўҳишгоњҳ дохил шуд. Таҳсилро ба поён нарасонида, соли 1967 ўро ба Афғонистон ба ҳайси сартарҷумони гурўҳи мушовирони шўравӣ дар назди вазорати банақшагирии Афғонистон фиристонданд. Чун Савлатшоњ Мерганов забонњои руси, пашту ва форсии дариро хуб медонист, ба ҳайси тарљумон дар миёни ходимони сиёси, иқтисоди ва иҷтимоии шўравӣ мақом ва эътибори хосс дошт. Ваќте раиси шўрои вазирони Иттиҳоди Шўрави А.Н. Косыгин ба Афғонистон сафар карда буд, чанд навбат вазифаи тарљҷумонии ўро Савлатшоҳ Мерганов ба ҷо овард.
Аз сафари Афғонистон соли 1972 баргашта, таҳсилашро дар аспирантура идома дод. Ҳамин сол дар мавзўи «Хусусиятњои забони ва шеърии зарбулмасалҳои пашту» дар Институти шарқшиносии АИ Иттиҳоди Шўрави рисолаи номзади ҳимоя кард. Баъди ҳимояи рисолаи номзади ба ҷойи кори асосии худ – Институти шарқшиносии Академияи илмҳо баргашт. Аммо соли 1974 боз барои кор аз нав ба Афғонистон даъват шуд ва дар мусташорияти иқтисодии сафорати Шўравӣ ҳамчун узви шўъбаи иқтисодӣ ва ҳам сартарҷумон то миёнаи моҳи декабри соли 1979 кору фаъолият намуд. Баъди ба ватан баргаштан дар институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон ба кор шурўъ намуд ва аз соли хониши 1980 то 1988 дар Донишгоњи миллии Тољикистон, ки шўъбаи пашту кушода шуда буд, ба сифати дотсенти кафедра забон ва адабиёти паштуро дарс медод.
Ҳамчун шарқшинос, мутахассис оид ба омӯзиши забони пашту ва форсии дарӣ дар ҳамоишҳо ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар Русия ва Олмон иштирок кардааст. Соли 1986 дар конференсияи шарқшиносони ҷаҳон, ки дар шаҳри Ҳамбурги Олмон доир гардид, иштирок карда, дар бораи фолклори паштузабони Афғонистон бо маърўза баромад карда буд.
Соли 1988 боз ба Афғонистон равон гардид ва то охири соли 1994 ба сифати мушовири ҳукумати Афғонистон дар соҳаи ҳамкориҳои мустақим байни ҷумҳуриҳои Шўравӣ (баъд аз пошхурдани Шуравӣ – Русия) ва њам мушовири раиси АИ Афѓонистон иҷрои вазифа намуд. Аз соли 1995 то соли 2004 дар Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Русия сухангўй ва тањиягари барномањои адабии радиои «Садои Русия» ба забонҳои пашту ва форсӣ буд.
Баъди фосилаи сафари Афғонистон ва кор дар радиои Маскав, соли 2004 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргашт ва то рўзҳои охири умраш устоди таълими забону адабиёти пашту буд.
Азбаски таърихи адабиёт, забони пашту ва амалияи ин забонро хуб медонист, дар миёни донишљўён ва устодони донишгоҳ иззату эътибори хосса дошт.
Ў донандаи хуби вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон буд ва ўро борњо барои шаҳр додани ин ё он масъалаҳои марбут ба радиову телевизион таклиф мекарданд.
 
Бо вуҷуди масруфияти зиёд бо корҳои идори ва сафарҳои тўлонӣ ба Афғонистон Савлатшоҳ Мерганов ба илмҳои забоншиносию таърих шавқи зиёд дошт ва ба иловаи рисолаи номзади чанд китоб, мақолаҳо ва таҳқиқот аз зери қалами ў баромадаанд. Китобҳо зери унвони «Забони дари», «Афғонистони навин», «Таърихи ҳузн ул - миллали Бухоро», «Қабули калимаҳо ва истилоҳоти навин дар забони пашту» ва ғайра ба қалами ў тааллуқ доранд. Дар бораи зумрае аз адибони Афғонистон, ки бо адабиёти тоҷик пайвастагӣ доштанд, мақола ва ёддоштҳои судманд навишта, дар рўзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон чоп кардааст. Яке аз чунин мақолаҳои ҷолиб ба рўзгор ва ашъори шоири соҳибдевон Авлиёҳусайн Мақмуми Дарвозӣ бахшида шудааст. Китоби «Маҷмўаи адабиёти Дарвоз»-и Ҳиҷрати Дарвозиро бо њамроњии С. Қаландар ба чоп омода карда, ба табъ расонидааст.
Аз рўзгори подшоҳи Афғонистон Абдураҳмонхон, амири охирини Бухоро Олимхон мақолаҳо навишта, ёддоштҳои амир Олимхонро низ чоп кардааст.
Устод Савлатшоҳ Мерганов дар миёни аҳли сиёсат ва илму адаби замони худ эътибор ва шўҳрати хосс дошт. Дар Афғонистон бисёр касон аз аҳли сиёсат, илму адаб ва касбу пеша бо ў ошнои доштанд ва мақому мартабаи инсонии ўро бузург медоштанд ва арҷгузори менамуданд. Дар миёни аҳли илму адаби Афғонистон ва бахусус дар ватани худаш Тоҷикистон дўстону қадршиносони зиёде доранд. Онњо фазлу адаб, шўхию ҳазлҳо ва меҳрубонињои Савлатшоҳро, ки ҳақиқатан шоҳ буду шоҳона рафт, дар ёд ба ёд мебаранду рўҳу тинати покашро нигоҳ медоранд.
 
=== Қадами 2. Барои мақолаатон номи мувофиқро интихоб кунед. ===
Мақолаҳои Википедиа исмҳои шакли танҳо мебошанд, масалан: [[давлати Сомониён]], [[забони англисӣ]]. Ба ҷои ҳарфҳои тоҷикии асл аз қабили ғ, ӣ, қ, ӯ, ҳ, ҷ ҳарфҳои г, и, к, у, х, ч '''нанависед'''. Агар номи мақола чанд калимаро ифода кунад, дар қафс шарҳи онро нависед, масалан: [[Конго (кишвар)]], [[Москва (дастаи футбол)]]. Дар мақолаҳо дар бораи одамон ному насаби пурраашонро нависед, масалан: [[Карл Маркс]]. Як мақоларо барои ду шахс навиштан мумкин нест, ҳатто онҳо хешовандони наздик бошанд ҳам.