Лоиқ Шералӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
Ботили нусхаи 767188 аз тарафи Yahyoev Abdurahmon (Баҳс)
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 14:
Лоиқ Шералӣ [[20 май]]и соли [[1941]] дар деҳаи [[Мазори Шариф(деҳа)|Мазори Шариф]]и [[ноҳияи Панҷакент]]и вилояти [[Суғд]] дар оилаи [[колхозчӣ]] ба дунё омадааст.
 
Ӯ баъди хатми мактаби деҳааш ба [[омӯзишгоҳӣОмӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент]] дохил шуда онро хатм мекунад.Баъд ба факултаи таъриху филологияи [[иниститутиинститути педагогипедагогии давлатии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко]] (ҳозира [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев]]) дохил мешавад ва онро соли [[1963]] хатм мекунад.
 
Пас аз ин, нахуст муҳаррири шӯъбаи адабии [[радиои Тоҷикистон]] ва сипас корманди адабии рӯзномаи “[[Комсомоли Тоҷикистон]]”, мудири шӯъбаи назми маҷаллаи “[[Садои Шарқ]]”, мушовири [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]], сардабири маҷаллаи мӯътабари адабии “Садои Шарқ” – нашрияи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ аз соли [[1965]] узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Бояд ёдовар шуд, ки дар он солҳо мутобиқи расму қоидаи маъмул ҳар адиб, ки мехост узви Иттифоқи нависандагон шавад, бояд то он дам ҳатман ками кам як маҷмӯа чоп карда бошад. Вале бо назардошти истеъдоди равшани Лоиқи ҷавон ва исрори устод [[Мирзо Турсунзода]] ӯро бе ҳеч маҷмӯае ба таври истисно ва аз қоида берун ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Ӯ ҳамчунин узви Кумитаи марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ намояндаи Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Устод Лоиқ аз соли 1991 то дами марг Райиси [[Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ]] буд.
 
30 июни соли 2000 соати 12 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ташйиъи ҷанозаи он гаронмоя 1 июл бо ҳузури ҳазорон мухлисаш баргузор ва пайкараш дар [[Оромгоҳи Лучоб]]и шаҳри [[Душанбе]] дар паҳлӯи бузургони адаб ва ҳунари Тоҷикистон ьаба хок супурда шуд. Байти зеринро худи устод ҳанӯз соли [[1998]] барои санги мазораш васият карда буд:
 
::Дар рӯи замин намонд маъман,
::Эй гӯр, дуруд бодат аз ман.
 
== Ҷойгоҳ дар адабиёт ==
Устод соли [[1978]] барои маҷмӯаи “[[Хоки ватан]]” ва “[[Илҳом аз Шоҳнома]]” барандаи [[ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ]] гардид. Ғайр аз ин ӯ унвони давлатии “[[Шоири халқии Тоҷикистон]]”-ро касб карда буд. Моҳи майи соли 1999 ба устод ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар” эҳдо гардид.