Рибосома: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 2:
'''Рибосомаҳо''' - шаклан нимдоираи андозаашон 15,0-35,0 нм буда, аз ду ҳисса иборатанд. Дар рибосомаҳо тақрибан миқдори сафеда ва КРН баробар аст. Онҳо ҳам дар ҳуҷайраи прокариотҳо ва ҳам дар ҳуҷайраи эукариотҳо мавҷуданд.
КРН рибосомавӣ (КРН-р) дар ядро аз молекулаи КДН дар мавзеи ядроча синтез мешавад. Ва дар ҳамин ҷой рибосомаҳо ташаккул ёфта, баъдан аз ядро берун мегарданд. Дар ситоплазма рибосомаҳо дар шакли озод ва дар қисми болои мембранаи тури эндоплазмавӣ пайваст мешаванд. Вобаста ба навъи синтези сафедаҳо рибосомаҳо метавонанд алоҳида фаъолият намоянд ё дастаҷамъона комплекси полирибосомаро ташкил диҳанд. Дар чунин комплекси рибосомаҳо танҳо ба як молекулаи КРН-а пайваст мебошанд.
Агар ба механизми биологии синтези сафеда нигаред, маълум мегардад, ки зинаи транслятсияи рибосомаҳо аҳамияти калон дорад. Дар ин чо таъсири мутакобилаи антикодони КРН-н (наклиёти) бо кадоми КРН-а ба амал меояд.
 
==Сарчашма==