Бароти Абдураҳмон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
хNo edit summary
Сатри 10:
Бароти Абдураҳмон - [[нависанда]], узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1989)
==Зиндагинома==
Бароти Абдураҳмон [[15 сентябр]]и [[1947]] дар деҳаи Чашмаи Ҷӯшони [[ноҳияи Кӯлоб]] ба ҷаҳон омадааст. Соли 1971 факултаи филологияи тоҷики [[Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон]] ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст. Баъдан устоди Донишкадаи давлатии ҳунарҳои зебои ба номи [[Мирзо Турсунзода]], [[сармуҳаррир]]и барномаҳои адабию драмавии телевизиони тоҷик, муҳаррири калони илмии сарредаксияи илмии [[энсиклопедияи советии тоҷик]], муовини сармуҳаррири моҳномаи «Илм ва ҳаёт», [[мушовир]]имушовири калон ва мудири Маркази таҳлил ва ёвари [[Президент]]и ҶТ будааст. Аз соли 2011 нафақагири сатҳи ҷумҳурӣ, ҳамзамон, аз ноябри соли 2012, мудири редаксияи бачагон ва наврасони ЭМТ мебошад. Маълумоти миёнаро дар мактаби миёнаи ба номи Т.Г.Шевченкои [[ноҳияи Восеъ]] гирифта, солҳои 1965–1969 дар Техникуми индустриалӣ-педагогии Душанбе таҳсил кардааст. Солҳои 1969-1971 хизмати ҳарбиро адо намудааст. Солҳои 1972-1976 шунавандаи Мактаби олии Вазорати умури дохилии [[Иттиҳоди Шӯравӣ]] (дар [[Тошканд]]) будааст. Курсҳои махсуси касбиро баъдтар дар шаҳрҳои [[Маскав]], [[Ленинград]] ва [[Қоҳира]] анҷом додааст.
== Эҷодиёт==
Муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои «Шабҳои маҳтобӣ» (1986), қиссаҳои «Кимиёкаҳ» (1984) ва «Давлати сарам, модарам» (1988), китоби қиссаву ҳикояҳои «Розҳои шабҳангом» (1990), романи «Дунёи сабзи ишқ» (2002), силсилақиссаи «Ҳафт мӯъҷизаи олам» (1995), силсилароманҳои «Камбуҷия» ва «Дорои Бузург» (2013) аст.