Ансамбли давлатии «Шашмақом»: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Ансамбли давлатии «Шашмақом»
 
х таҳрир
Сатри 5:
Соли 1964 фаъолияти дастаи мақомхонон дар назди Кумитаи давлатии Радио ва телевизиони РСС Тоҷикистон ба ҷалби истеъдодҳои нави иҷроӣ таҳти сарварии Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов пурвусъат шуда, сарояндагони пурумед Б. Ниёзов, М. Исҳоқбоева, Л. Баракаева, К. Қосимов, Б. Яхшиев, Т. Иброҳимова, Ҳ. Маҳмудов, А. Солиев, Қ. Қодирова ва дигарон шомили даста шуданд. Солҳои 70-ум бошад ба дастаи мақомхонон истеъдодҳои нав – [[София Бадалбоева]], [[Мастона Эргашева]], [[Асадулло Атоуллев]], [[Шӯҳрат Матмуродов]], [[Нигина Рауфова]], [[Нуқра Раҳматова]], Маҳбуба Боҳирова, [[Саидқул Билолов]], [[Ҷамшед Исмоилов]], навозандагони боҳунари созҳои мусиқии миллӣ Г. Саодатов, А. Абдуллоев, Ф. Ӯлмасов, М. Ҷумъаев, М. Сафармамадов, Н. Азизов, К. Бурҳонов, С. Манонов, М. Ҷумъаев ва дигарон ворид шуда, дар вусъати иҷрои мақомҳо саҳми хоса доранд.
Солҳои 70-90-ум бошад хатмкунандагони кафедраи мусиқии Шарқи Институти давлатии санъати Тоҷикистони ба номи М. Турсунзода, Р. Норкалаев, С. Шарифов, А. Сафоев, Р. Абдуллоева, С. Умарова, Ш. Ҳошимова, Н. Алиев, С. Наҷмиддинова, Ф. Саидов, Л. Мӯъминова, О. Ашӯрова, Ш. Ҳомидов, Ҷ. Қӯзиев, А. Орифов ва дигарон ворид шуданд, ки тавонҳои иҷроии дастаро таҳким бахшид. Дастаи мақомхонон ҳамеша аз ҳисоби нерӯҳои ҷавони иҷроӣ сафи хешро устувор намуда, дар паи дарёфти роҳу равиши нави иҷро ва тарғиби ин шоҳкории шеъру мусиқӣ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад.
Дастаи мақомсароён дар тӯли фаъолият таҳти сарварии устодон [[Шоҳназар Соҳибов]], [[Фазлиддин Шаҳобов]], [[Аҳмад Бобоқулов]], [[Боймаҳмад Ниёзов]], [[Аъзам Солиев]] ва баъдан [[Алмос Абдуллоев]], [[Аслиддин Низомов]], [[Абдувалӣ Абдурашидов]], Д. Қурбонов ва [[Фурқат Саидов]] ин шоҳасари мусиқиро барои хазинаи тиллоии Радиои тоҷик сабт намудаанд. Ансамбли давлатии шашмақомхонон иштирокдори чандин ҷашнвора ва Симпозиумҳои байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд - 1978, 1983, 1987, Душанбе - 1990, Теҳрон - 2000, Исфара - 2003, Душанбе - 2006), рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар Русия, Франсия (Москва, Париж-2005) ва ғайра буда, мероси пурмояю санъати олишони мақомҳоро бо диду бардоштҳои нави иҷроӣ манзури сомеъон намудааст. Барои хидматҳои шоиста ва маҳорати баланди иҷроӣ, тарғиби анъанаҳои асили мақом ва мақомсароӣ иддаи зиёди сарояндагони ансамбл ба унвонҳои фахрӣ, нишону ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидаанд – Ансамбли давлатии Шашмақом [[соли 2000]] бо Фармони Президенти ҶТ унвони Ансамбли давлатии шашмақомхонони ба номи Фазлиддин Шаҳобов дода шуд.<ref> [http://www.ktr.tj/node/120 Ансамбли давлатии "Шашмақом"]</ref><ref>Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. - Душанбе, 2009. - с. 28 ISBN 978-99947-49-13-3 </ref>
 
== Нигаред ==
* [[Шашмақом]]
 
== Нигаред ==
* [[Шашмақом]]
==Адабиёт==
* Маводи бойгонии Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати ҶТ;
* Таджикская музыка. - Душанбе, 2002;
* Низомов А.Таърих ва назарияи Шашмақом. - Душанбе, 2006;
* Ҳакимов Н. Шашмақом дар қарни ХХ. - Хуҷанд, 2006;
== Манбаъ ==
<references/>
[[Гурӯҳ:Шашмақом]]
[[Гурӯҳ:Мусиқии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дастаҳои ҳунарии Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Мусиқии Тоҷикистон]]