Арғунун: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
Сатри 7:
Арғунуни хурд аз 1 то 16 бӯъд, миёна – аз 17 то 35, калон – аз 36 то 80 ва Арғунуни бузург аз 81 то 200 ва зиёда аз он бӯъд дорад. Бӯъдҳо ҳар яке дорои номи хос мебошанд. Найҳои бӯъде, ки 8 фут дарозӣ доранд, мувофиқи сабти нотавӣ садо мебароранд: 4 ва 2-футї 1 – 2 октава боло ва 16 – 32-футӣ 1 – 2 октава поён. Ҳар як найчаи бӯъдҳои асосии Арғунун фақат як хел садои бетағйир (аз назари баландӣ, тембр ва қувва) мебарорад. Барои ифоданокии садо арғунунсозон механизми наве ихтироъ намудаанд, ки ба воситаи он баъзе садоҳо гӯё аз дур меоянд. Чунин навъи Арғунунҳо с. 1670 дар [[Англия]] пайдо шуда, аз с. 1712 маъмул гаштанд ва Арғунунҳои франсавии асри 19 (Арғунуни толори калони Консерваторияи Москва) аз беҳтарин ва мукаммалтарин намунаҳои он мебошанд. Дар асри 19 барои Арғунун боз як механизми нав ихтироъ гардид, минбаъд Арғунун ба воситаи навард садо мебаровард ва баъзе бӯъдҳои он созҳои қадимтарини азбайнрафтаро ба хотир меовард. Найҳо аз боде, ки ба воситаи дам ба меъёри муайян равона мешавад, садо мебароранд. То миёнаҳои асри 19 њаво ба дамњо ба воситаи насосҳои дастӣ равона мегардид. Дар Арғунунҳои имрӯза аз муҳаррики электрӣ истифода мебаранд. Бо он ҳама мураккабӣ Арғунунро як кас менавозад. Арғунун аз 1 то 7 мануал (дастгоҳе, ки дар он клавишҳо барои даст ҷойгиранд) дорад, ки теъдоди клавишҳо дар он ба 60 – 62 (5 октава, аз С то с) мерасанд.Клавиатураи пойӣ (педал) 32 клавиш дорад (2 2/3 октава, аз С то д) ва он ба нӯги по ва пошна пахш мешавад.
 
Созҳои волинк, шэн ([[Хитойи Қадим]]) ва найи Панаи европавӣ тимсоли Арғунун мебошанд. Шакли қадимаи ''Арғунун гидравлос'' (Арғунуни обӣ) аст, ки онро дар [[Искандария]] (асри 3 то м.) Ктесибия ихтироъ намуд. Мисриёни қадим, юнониён, римиён ва аҳли [[Византия]] Арғунунро дар мусиқии дунявӣ (дар сапреҳо, сирк, театр ва маҷлисҳои дарборӣ) истифода мекарданд. Соли 660 папаи Рим Виталиан Арғунун ро дар мусиқии обидонаи калисо кор фармуд. Соли 980 дар калисои Уинчестер (Англия) Арғунуни 400 най ва 2 мануаладор пайдо шуд. Қисмбандии найҳо мувофиқи регистр (бӯъд) аз асри 12 оғоз ёфт. Шакли муосири Арғунун тақрибан ба асри 16 мувофиқ меояд. Дар Италия ҳанӯз барои Арғунун аз асри 14 Ф. Лезеро, Д. да Качча ва Ф. Ландино асарҳо эҷод кардаанд. Намояндаи бузурги арғунуннавозӣ дар Испания Арғунун де Кабесон буд. Услуби ӯро И. Кабанилес пайравӣ карда, ба он обуранги хос ва тобишҳои бисёровозӣ бахшид. Намояндагони машҳури ин санъат дар асри 17 арғунуннавозони оҳангсоз С. Шайдт, И. Я. Фробергер, И. А. Рейнкен, В. Любек ва дигарон буданд. Баъди онҳо (нимаи аввали асри 18) бузургтарин арғунуннавозу композитор [[Бах Иоҳанн Себастян|И. С. Бах]] ба арсаи санъати ҷањонӣ омад. Ҳамчунин [[Ф. Менделсон]], [[Ф. Лист]], [[М. Дюпре]], [[П. Хиндемит]], [[Г. Трекслер]] ([[Олмон]]), [[Н. Давид]] ([[Австрия]]), [[М. Майзес]] ([[Чехия]]), Б. Шабелский ва Ж. Гандшин, Н. Вакадзин, И. Браудо, А. Гедике, Л. Райзман, В. Бакеева, А. Котляревский, Н. Оксентян, В. Стамболсия, З. Ҷафарова, С. Дайч, О. Янченко, Л. Дигрис, Х. Лепнурм, Р. Уусвяли (арғунуннавозон ва композиторони шӯравӣ) маълуму машҳуранд. Консертҳои Арғунун дар хориҷа, одатан, дар калисоҳо – ҷойе, ки А.-ҳои беҳтарин мавҷуданд, ташкил мешаванд. Э. Каспарини, З. Хилдебрантд (асрҳои 17 – 18), Ладегаст (Арғунуни ӯ солҳои 1885 – 1959 дар толори хурди Консерваторияи Москва гузошта шуда буд) беҳтарин Арғунунҳоро сохтаанд. Навъи нави «Арғунун»-и романтикӣ»-ро асри 19 А. Кавайе-Кол (ягона Арғунуни сохтаи ӯ дар толори калони Консерваторияи Москва гузошта шудааст) ихтироъ кард.
Арғунуни Калисои Домро фирмаи немисии Валкор сохтааст. Он басо бузург буда, 117 бӯъд, 4 мануал ва педал дорад. Арғунунҳои фирмаи [[Чехословакия]] Ригер-Клосс дар толори ба номи П. Чайковскийи [[Москва]], Театри операи [[Одесса]], Консерваторияи [[Қазон]], толори консертии «Баҳор»-и [[Тошкент]], Филармонияи [[Ереван]], толори консертии «Эстония» насб гардидаанд. Аз Арғунунҳои фирмаи А. Шуке ([[Потсдам]]) дар консерваторияҳои Горкий, Тбилиси, Алмаато, толори хурди Консерваторияи Москва истифода мебаранд.
<div style="position:relative;top:-3ex;">