Ҳисор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х таҳрир
Сатри 75:
Шоёни ёдоварист ки вожаи “ҳисор” ({{lang-fa|'''حصار'''}}) арабӣ ва маънояш “диж” ва “қалъа” ({{lang-fa|'''قلع'''}})аст. Ин қалъа ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри [[Шумон]] аст, ки дар садаҳои XV – XVII мелодӣ - “[[Ҳисори Шодмон]]”, яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз “Шодмон” аз он афтоду “ҳисор” монд ва исми хос - Ҳисор – гашт. Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи [[8 сентябр]]и [[1907]] вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду [[кӯҳ]] барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба [[қалъаи Душанбе]] кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас [[Душанбе]] тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.
 
Аз рӯи харитаи тартибдодаи хонуми инглисзабон Г. Юля (нусхаи аккосии Осорхонаи Луври Порис, 1914,д.16Қ.p 46) тарҳи тамоми хонаву иншоотҳои маъмурӣ, кӯчаву мадрасаҳо ва қӯрғони шаҳри Ҳисору қаламрави онро муайян кардан мумкин аст. Ин ягона ва нодиртарин маълумотномаест барои сайёҳону меҳмонон, зеро ки дар он [[Масҷиди Сангин]], мазори Халифа Шаҳид, [[мақбараи Махдуми Аъзам]], мазорҳои Сиёҳпӯши Валӣ, Холид ибни Валид, Тути такя, Шайх Нуриддини Соҳибнафас, Заифа, Шайх Ҷунайди Ҳисорӣ, [[Регистон]], бозор, масҷидҳо, қорихона, [[Мадрасаи Кӯҳна]], [[Мадрасаи Нав]], [[Мадрасаи Бомӣ]], [[Мадрасаи «Чашмаи моҳиён»]], [[Корвонсарой]], [[Арк]], дарвозахонаҳо, сағонаҳо, мазори яҳудиён, қабристон, мазори Савда, нақби зеризаминӣ ва ғайраҳо дарҷ ёфтаанд. Аз рӯи нишондоди ин харита ҳукм баровардан бамаврид аст, ки дар шаҳри Ҳисори асримиёнагӣ 24 – [[масҷид]] ва 3 - қатлгоҳ мавҷуд будааст. Дар шаҳри Ҳисор дар баробари ривоҷи косибиву ҳунармандӣ, меъмориву гулкорӣ, туҷҷориву наҷҷорӣ, заргариву мӯҳргарӣ ва оҳангариву дуредгарӣ - илму адаб ва маорифу фарҳанг алоқадри ҳол пеш мерафт. Дар мадрасаҳо ва мактабҳои назди масҷид, ки асосан фарзандони сарватмандо- нусарватмандону рӯҳониён тадрис мегирифтанд, барномаи таълимияшон асосан аз фанҳои динӣ мураттаб гардонида шуда буд. Мадрасаҳо қоидатан аз ҳисоби вақфҳо мавҷуд буданд, ки дар он ҷо забонҳои форсиву арабӣ, Қуръон ва шарҳу тафсири он, ибтидои мантиқ, фалсафа ва фиқҳу шариатро меомӯхтанд. Дар соҳаи табиатшиносӣ, ҷуғрофия ва таъриху адабиёт («Қофия», девони Бедил ва Ҳофиз) ба толибилмон маълумоти ноқис медоданд. Дар мадрасаҳо шогирдон на танҳо аз худи қаламрави бекигарии Ҳисор, балки аз Қаратоғу Бойсун, Ёвону Ғозималик, Варзобу Файзобод, Хатлону Рашт, Дарвозу Бадахшон ва дигар музофотҳои Бухорои Шарқӣ таҳсил мекарданд.
 
Соли 1924 вақте ки [[Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]] таъсис ёфта, пойтахташ [[Душанбе]] таъин шуд, эъломияи ҷумҳурии навтаъсисро дар Регистони Ҳисор қироат карданд ва байрақро дар болои гумбазҳои Арки Ҳисор барафрохтанд. Пас аз «дамидани субҳи озодӣ», аниқтараш баъди солҳои 30-юм даҳшати наве [[Қалъаи Ҳисор]]ро фаро гирифт. Бо амри як идда зимомдорони пурғаразу бефарҳанг ва ашхоси гумном баҳри вусъат додани киштукори ҳосили баланди «тиллои сафед» бисёр би- ноҳовубиноҳову деворҳо ва дарвозаҳоро ба хок яксон намуда, тоқу равоқҳоро ҳамчун «сӯзишвориву ҳезум» истифода бурданд. Бинои таърихии Корвонсарой, масҷиду мадрасаҳо, бурҷу бораҳои қалъаро барои «пешбурди корҳои хоҷагӣ» ва сохтани Театри опера ва балети пойтахт ба [[Душанбе]] канда бурданд. Айёми ин бесарусомониву таърихсӯзиҳо соли 1928 Ҳоҷӣ Турсуни Ноҷичӣ (бобокалони Саидмурод Эшзода) аз паси [[Мадрасаи Нав]] масҷиди бародарон Ҳоҷӣ Насруллоҳ ва Ҳоҷӣ Нарзуллоҳро бо мақсади «аз бало ҳазар» канда, маводҳои онро бурда дар деҳаи Ноҷии Боло аз нав барқарор намуд, ки дар он айём ин як корнамоии бузург ба ҳисоб мерафт…
Боқимонда мероси маданиву фарҳангии Ҳисор дар оташи ҷаҳолат месӯхт. Посбонхонаҳои ду тарафи [[дарвозаи «Манзар»]] ба анбори нуриҳои маъдании колхози навташкил табдил ёфт. Инчунин аз хиштҳои қалъа барои афсарон бошишгоҳҳо сохта шуд. Боз чӣ қадар худи мардуми «таърихбезору худобезор» барои сохтмони фермаву хонаҳои истиқоматияшон ҳарчи бештар ба хонаҳояшон кашида «теша ба реша»-и таърихи худ заданд. Қӯрғони Ҳисорро соли 1969 бо фармони раиси ҳамонвақтаи хоҷагии ба номи Карл Маркс Абдурауф Юсуфов бо техникаи вазнин вайрон карданд, ки ҳоло дар қисми ҷанубу шарқии шаҳр, дар ду ҷой тахминан сад метр харобаҳои он дар зери дарахтон боқист.
Он ҳама иморатҳову қалъаи бошукӯҳ, қӯрғони паҳновару дарвозаҳои атрофи шаҳр ва масҷидҳову қӯшмадрасаҳо «зи борону зи тобиши офтоб”–и замонасозӣ валангор шуданд.
<ref>Фатҳуллоҳи Азиз Султонмуроди Одина Қалъаи Хисорро ки сохту кӣ бохг? № 5-6 (1983 ) 24 апрели соли 2014 </ref>
 
== Аҳолӣ ==
[[1 январ]]и [[2013]] аҳолии шаҳраки Ҳисор 26 000 танро ташкил мекард.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ҳисор"