Карим Абдулов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х илова
Сатри 6:
|Зодгоҳ= [[ноҳияи Масчоҳ]]
|Даргузашт= 5 декабри 2010
|Вазифа= [[нависанда]], [[олим]]
}}
'''Карим Абдулов''' - [[нависанда]], [[олим]], узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (2003)
==Зиндагинома==
Карим Абдулов [[26 феврал]]и соли [[1939]] дар деҳаи Сурхкати Кӯҳистони [[Масчоҳ]] ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёна дар Техникуми молияи Сталинобод, сипас дар [[Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон]] ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст. То соли 1967 сарварии комсомолону ҷавонони ҳамин даргоҳи бузурги донишро бар уҳда доштааст. Соли 1970 ба кори ҳизбӣ сафарбар шудааст. Солҳои 1988-1990 дотсент, докторант ва профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, солҳои 1991-1992 мудири Котиботи Президенти ҷумҳурӣ, баъдан, солҳои тӯлонӣ, мушовири раиси Ҳукумати вилояти Суғд, раиси шуъбаи вилоятии Ҷамъияти «Дониш» будааст.
== Эҷодиёт==
Дар баробари фаъолияти ҳизбию давлатӣ ва пешбурди корҳои илмӣ, дар соҳаи очерку публитсистика ҳам хомафарсойӣ кардааст, ки рисолаҳои «Роҳи беҳбуд» (роҳҳои пурпечутоби давраи гузариш), «Дар ин дунё» (иборат аз дувоздаҳ ҷилд), «Сиёсатномаи асри ХХI», «Ягонагии сухан ва амал», «Абадзинда», «Лоиқи миллат», «Дарёниҳод», «Аловуддин Бобоев», «Бахти таърихӣ», «Асъори миллӣ» ва ғ. аз он ҷумлаанд. Дар [[Олмон]], [[Булғория]], [[Сурия]], [[Ироқ]], [[Арабистони Саудӣ]], [[Эрон]], [[Ҳиндустон]], [[Шри-Ланка]] сафарҳои расмӣ ва эҷодӣ доштааст.Ду маротиба маносики бузурги мазҳабиро ба ҷой овардааст. Дар тарғиби маърифати ислом аз дидгоҳи дунявӣ рисолаи «Ҳаҷнома»-ро таълиф намудааст.<ref>[http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/12/101207_ea_ak_karim_abdulov.shtml Даргузашти Карим Абдулов - кумунисте, ки ду бор ҳаҷ кард]</ref>Аз таассуроти сафари Эрон китоби марғуби публитсистие ба қалам овардааст.
==Мукофот==
Дорандаи ордени «Нишони фахрӣ» ва се медал, [[Корманди шоистаи Тоҷикистон]], Барандаи Ҷоизаҳои ба номи Бобоҷон Fафуров, Аловуддин Баҳовуддинов ва Абулқосим Лоҳутӣ, узви вобастаи Академияи мардумии Осиёи Марказии «Нури Хуҷанд».<ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с.21 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>
== Некдошт ==
Карим Абдулов шаҳрванди “Фахрӣ”-и шаҳри Чкалов буда, мактаби таҳсилоти миёнаи рақами №10-и шаҳр ба хотири хизматҳои шоистааш ба номи Карим Абдулов гузошта шудааст. Инчунин кӯчае, ки дар он Карим Абдулов зиндагӣ намудааст, ба номи ӯ номгузорӣ шудааст.<ref>[http://mihd-chkalov.tj/%D0%BC%D0%B0%D2%B3%D1%84%D0%B8%D0%BB%D0%B8-%D1%91%D0%B4%D0%B1%D1%83%D0%B4%D0%B8-%D0%BA%D0%B0%D1%80%D0%B8%D0%BC-%D0%B0%D0%B1%D0%B4%D1%83%D0%BB%D0%BE%D0%B2/ Маҳфили ёдбуди Карим Абдулов]</ref>
== Манбаъ ==
<references/>
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо аз рӯи алифбо|*]]
[[Гурӯҳ:Адибони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Олимони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Дар вилоятиноҳияи СуғдМасчоҳ таваллудшудагон]]