Фарқият байни намунаҳои "Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон"

х
илова
х (илова)
|Эзоҳот=
}}
'''Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон''' ([[ҶМШС Тоҷикистон]]) - солҳои 1924 -1929 яке аз воҳидҳои маъмурии ҶШС Узбекистон (ИҶШС).
== Таърих ==
[[14 октябр]]и [[соли 1924]] дар натиҷаи таъиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳуриҳои шӯравии [[Осиёи Миёна]] дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт,. киҶМШС онТоҷикистон - иборат аз вилоятҳои Қаротегин ([[Ғарм]] ва Дарвозу Ванҷ), [[Кулоб]], [[Қурғонтеппа]], [[Ҳисор]], [[Панҷакент|ноҳияи Панҷакент]] (ва Фалғар - [[ноҳияи Айнӣ]]), Ӯратеппа - [[ ноҳияи Истаравшан]] (ва [[Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ]]) ва қисман Сариосиё (аз ҳисоби Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро) ва 12 ноҳия иборат буд.
Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар маҷлиси якуми худ, ки [[9 декабр]]и [[соли 1924]] дар шаҳри [[Тошканд]] баргузор шуд, масъалаҳои тартиби ба таври расмӣ эълон кардани таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ба шаҳри [[Душанбе]] кӯчида омадани ҳайати ҳукумат, тасдиқи сохтори дастгоҳи ҳукумат, буҷети ҷумҳурӣ ва дигар масъалаҳои муҳимтарин, аз ҷумла масъалаи муайян намудани маълумоти мушаххас оид ба шумораи аҳолии ба ҳайати ҷумҳурӣ дохилшаванда, ҳудуди [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон]], ки ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ карда мешуд, дар бораи расонидани ёрӣ ба хоҷагиҳое, ки аз ҷанги босмачигарӣ зарар дидаанд ва ғайраҳоро муҳокима кард.
Ҳангоми муайян кардани сохтори ҳукумати ҷумҳурӣ махсус қайд карда шуд, ки бояд «дар навбати аввал Комиссариати халқии корҳои дохилӣ, Раёсати сиёсии давлатӣ (ГПУ), Комиссариати молия, Комиссариати маориф, Комиссариати адлия ва прокуратураи давлатӣ ташкил карда шаванд». Ҳамин тавр Комиссариати халқии адлия яке аз аввалин комиссариатҳое буд, ки дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил карда шуд.<ref>[http://www.minjust.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=96&Itemid=101&lang=tj Сомонаи Вазорати адлияии ҶТ/Таърих]</ref>
 
Вилояти махсуси [[Помир]], ки пештар ба ҳайати [[Ҷумҳуриии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон]] дохил буд, ба [[Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон|Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ]] табдил дода шуд ва [[2 январ]]и соли [[1925]] ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид.
Масоҳати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 135 620 км², аҳолӣ 739 503 нафарро ташкил мекард.
[[29 апрел]]и [[соли 1929]] дар анҷумани II Шуроҳои ҶМШС Тоҷикистон Конститутсияи ҷумҳурӣ қабул шудааст.
 
[[16 октябр]]и соли [[1929]] Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба [[Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]] табдил дода шудааст. [[5 декабр]]и [[соли 1929]] [[Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон]] ба ҳайати [[ИҶШС]] қабул шудааст.
 
{{ЭСТ}}
==Манобеъ==
<references />
{{Тоҷикистон}}
 
[[Гурӯҳ:Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Иттиҳоди Шӯравӣ]]