Ориёӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 21:
Имрӯз ба ориёиҳо: [[тоҷикон]], эрониҳо, ҳиндуҳо, курдҳо, булуҷиҳо, тотҳо, паштуҳо, осетинҳо ва дигар халқҳо мансубанд.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 30. </ref>
== Ориёниҳои қадимтарин ва ҳиҷрати онҳо ==
Ориёниҳо-номи тоифаҳои қадими ҳиндуэрони ( эрони-агуа, ҳиндуи қадим aryah, порсии қадим aria, авестои –агуа) дар ҳазораҳои IV ибтидои 1 то меллод [[ЭронуЭрон]] Осиёи Маркази, даштҳои шимолии байни Олтою Тяншоу Ҷанубии Уралу атрофии Баҳрҳои Аралу Каспий мезистанд ва бо воситаи ҳичрат дар Анатолияю ҷанубии [[КавказуКавказ]] [[АрманистониАрманистон]] таърихи, Балкану Аврупои Шаркию Маркази чой гирифтанд .
Олимони забоншинос эҳтимол мекунанд ки «калимаи агуа шояд аз решаи феълии –ar»-ҳаракат кардан», дар ҳаракат будан» пайдо шуда бошад»( Р.Додихудоев) . Ин унвон дар бисёр этноним, антропоним ва топонимҳои Эронзамини таърихи-географи дучор мешаванд. Аз ҷумла олими Юнони Қадим Страбон ахолии Форсу [[Мод]], [[БохтаруБохтар]] [[СуғдроСуғд]]-ро ориёни номидааст. Калимаи «эрон» дар забонҳои форсии қадим, форсии миёнаю муосир, тоҷики, дарии афғон, забони осетин ( allon) ,боқи мондааст . Дар ҳазораи II то милод тоифаҳои ориёнии ҳиндуэрони ба ду гурӯҳ ҷудо шуда , минбаъд истилоҳҳои ориёни истифода мешавад .
Оиди забони ориёниҳои нахуст, ғайр аз хулосаи асосии ҳундиэрони будани вай ,дигар маълумоти аник дар илм вуҷуд надорад . Лекин шубҳа нест ,ки забони ориёниҳои аввалин бо забони авестоӣ, ки аз рӯи осори лиссонии ҳамагонаи «Авесто» олимон тартиб додаанд, яканд. Забони авестои-яке аз забонҳои қадими гурӯҳи эронии шарки аст. Дар «Авесто» ду шеваи ҳамин забон - шеваи қадимтару архаистии Готҳо ( сурудҳои готҳо, чанд боби «Яснои хаптанхаити») ва шеваи Хурд-Авесто китобат шудаанд. Мувофиқи ақидаи эроншиноси бузург Е. Э. Бертельс ин забон дар ҳавзаи Ҳамун ( шарқии Балх ва шимолу ғарбии Марв ) маълум будааст ва онро забони бохтарии қадим ҳам номидаанд. Авестошиносон дар асоси омузиш фонетикаи Авесто ва истифодаи усули муқоисави таърихи фонетикаи забони авестоиро барқарор карданд.
Забони авестои дорои 14 садонок ва 34 ҳамсадо аст. Зада дар забони авестои ба забони форсии қадим ният дорад. Зада дар Готҳои Авесто оҳанги аст. Ҳиссаҳои номи дорои 8 падеж , ҷинсҳои мардона, занона вам иёна, шумораҳои танҳо , дугона ва ҷамъ, феъл, катигорияҳои замони хозира, оянда,гузашта ва осори хос аст. Ҷои калима озод аст. Забони авестои аз ҷихати сохти синтаксис ива морфологи ба санскрити ҳинди ва забони форсии қадим хеле наздик аст, ки охирин аз забонҳои қадимтарини соҳибат ва соҳибдавлати форси ( Ҳахоманишиён) Буда, ба туфайли гурӯҳи катибаҳои Бесутун ва дигар маълумаст. Мувофиқи маълумоти Герадот забони форси қадим ба забони қабилаҳои саку-массагетии даштҳои Наздиарал хеле наздик будааст. Сохти овозии забони форси қадим давраи ибтидои нахустзабонҳои эрониро тачассум мекунанд, 22 ҳамсадо дорад, морфологияш системаи бойи флективии ба забонҳои авестои ва санскрит наздики дорад, аксари падежҳояшон дар ҳар сеи онхо мавҷуданд.
Олимони забоншинос дар фаҳмидани асосҳои забони ориёнҳои қадимтарин реконструксияи ( барқарор кардани) забони мабдаъи доданд. Ҳолатҳои муқаддаму умуми дар асоси маҷмӯи айниятҳои фонетики, грамматики ва маънои дар асоси маҷмӯи айниятҳои таърихи ба вуҷуд оварданд( А.Мейс,1938;В.Порсиг,1964;ва гайра ) Ва бояд дар ибтидои давраи ориёни маҷмӯи шеваҳои ба ҳамдигар хеле наздик будаас, ки тадриҷан дар натиҷаи тараққиёти мустақилона баъд ба забонҳои алоҳида ҷудо шудаанд . Таърих ва маълумоти бисёри экстралингвисти шаҳодати ин воқеият ҳастанд.
Дар хулоса оиди забони оғозии ориёниҳо эҳтимоли бештари маъмули реалии таърихидошта дар ин аст ; нахустзабони ориёни дар ибтидо дар худи сарзамини Ариана-Арйана Вайҷаи «Авесто» чун маҳсули меҳнати дурударозу мушкили замони азхудкунии табиату муҳити зисти нахустмеҳани худ ва гузариш аз тарзи хаёти истеъмоли маҳсули тайёри табиат ( шикор ва ҷамъоварии меваҳои рустани ) ба тарзи нави ҳаёти истеҳсоли ( зироаткори, чорводори, хунархои қадимтари маъданкори , кулоли , бофандагию дузандагӣ ва ғ.) , дарккунии муҳити зисти атроф ва худмуқовиматсозии ҷисми , меҳнати , ва хусусан зеҳнию маънави инсон рост меояд ва давраҳои инқилоби перманентии неолити , энеолит ива биринҷиро дарбар мегирад .Оиди хулосаи дигари ( дуюми ) асосии маъмултари ориёншиносии имруза дар кисми дуюми ҳамин боби китоби дарси сухан меравад .
Дар ин ҷо бошад, аввалан оиди ҳиҷрат ( миграция ), яъне заминкушои ва паҳншавии қавмҳои ориёнии қадимтарин дар [[Осиё]] ва Аврупо ба хотир орем . Дар вақти тадкикотхои лингвисти ва ҳарфиётҳои бостоншиносии ( археологи, топонимики, эпиграфики ва ғ.) дарозмуддати натиҷаноки асрҳои XIX-XX чанд минтақаи хеши, ҷамбастагии хоҷаги, иҷтимои вамаданидошта ҷудо шуданд, ки ба маълумоти хаттии “ Авесто ” ва дигар сарчашмахои мавҷудаи қадими эрони , юнону руми , ҳинди , ва ғайра рост меоянду аз сабаби нопуррагии онҳо боиси баҳсҳои доманадору бисёрфикрии олимони ориёншинос шуданд .Агар аз шимолу ғарб ин минтақаҳоро номбар кунем, руйхати зерини гурӯҳҳои калони онҳо чунин мешавад:
1. Қавмхои гурӯҳи маданиятҳои андроновии даштҳои шимол аз нахустбозёфти бошишгоҳи Андроново дар Енисей то бошишгоҳҳою қабристонҳои даштҳою доманакӯҳҳои Урали ҷанубӣ, поёноби Волга, Каспийи Шимолӣ ва қавмҳои маданиятҳои Тозабогоби ва Суяргонии Баҳри Арал. Дар ин даштҳо баъдтар, дар хазораи I то милод қавмҳои конфедератсияҳои скифусакои ва массагети ривоҷ меёбанд , ки ориёни нажоди сони буда, осорҳои археологии онҳо, хусусан қабристону курғонҳо дар Туваю Олтои Кӯҳӣ , даштҳои шимолии Осиёи Маркази , мавзеҳои поёноби Сирдарё ва атрофи Баҳри Арал кашф шуданд. Ин минтақаҳои Ориёнзамин дар “Авесто” чун Арйана Вайча ( Фазои бузурги Ориёни ) тасвир шудааст .
2. Минтақаи бунёдии бузурги муҳими ориёни зироаткор, чорводор, маъдангудоз, ҳунарманд ва нахусшаҳру деҳанишини Осиёи Миёна, ки чанд манбаъҳои ҳавзаҳои [[Мурғоб]], Теҷан, зарафшон ва Амударёро офаридаанд. Унвонҳои димнаҳою бошишгоҳҳою қабристонҳои онҳо дар харитаи пешниҳодшудаи ҳамин боби китоби дарси номбар шудаанд.( ниг.) .
3. Минтақаи ориёниҳои дар ҷанубу шарқ-ҳавзаи байнаннаҳри Ҳинду Ҷамнаи субконтиненти [[Ҳиндустон]] муҳоҷир шуда дар оянда каноти ҳиндуи қавмҳои Ҳиндуэронии ва Ҳиндуаврупоиро ташкил карданд. Дар таърих ин минтақа ба Кашмири зебою баландтамаддуни Шарқ табдил гашт.
4. Минтақаи авмхои ориёнии гузаргоҳи Дарбанду Албания Кавкази, ки роҳи хеле қулайи ҳиҷрати ориёниҳои ҷанубиу шимол ва дар таърихи ориёниҳо саҳми калон гузошт.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Ориёӣ"