Белиз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanBot (баҳс | ҳисса)
х Бот кор карда истодааст, replaced: байналмилалӣ → байналмиллалӣ
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 1:
{{Кишвар
|common_name=Belize
|image_flag Парчам=Flag of Belize.svg
|Номи тоҷикӣ=Белиз
|Номи аслӣ=Belize
|НишонаНишон=Coat_of_arms_of_Belize.svg
|Шиор=Sub Umbra Floreo
|Номи суруди миллӣ=Land of the Free
Сатри 12:
|Рӯзи истиклолият=
|Соҳибистиқлол аз=
|Пойтахт=Белиз Шаҳр
|Шаҳри калонтарин=
|Вазифаи сарварон=
Сатри 35:
 
'''БЕЛЍЗ''' ({{забон-ен|Belize}}) — давлат дар [[Амрикои Марказӣ]], дар қисми ҷанубу шарқии нимҷазираи Юкатан. Дар Шимол ва Шимол Ғарб бо Мексика, дар Ғарб ва Ҷануб бо Гватемала ҳамсарҳад буда, қисми шимолиаш соҳили [[Баҳри Кариб]] аст. Масоҳаташ: 23 ҳазор км<sup>2</sup>, аҳолиаш 315 ҳазор нафар ([[2011]]). Пойтахташ – [[Белмопан]]. Ба 6 округ (дистрикт)-и маъмурию ҳудудӣ тақсим шудааст. Иди миллиаш Рӯзи истиқлолият – 21 сентябр Асъори миллӣ – доллари Белиз. Сохти давлатӣ–монархияи конститутсионӣ дар ҳайати Иттиҳоди Британия. Сардори давлат – Шоҳбонуи Британия, ки ӯро дар Белиз генерал-губернатор намояндагӣ мекунад. Ҳокимияти қонунбарор – Ассамблеяи (Маҷлиси) миллии иборат аз Палатаи намояндагон ва Сенат. Белиз узви СММ, [[Хазинаи Байналмилалии Асъор]], Бонки Рушди Кариб ва ғайра мебошад. Забони давлатӣ – англисӣ, забонҳои испанӣ ва креолӣ низ роиҷ аст.
 
== Таърих ==
Асрҳои 4–10 ҳудуди ҷазираи Белиз дар ҳайати давлати ҳиндуёни майя буд. Белизро соли 1502 [[Колумб|Х. Колумб]] кашф кард. Дар асри 16 Белиз ба ноиб–шоҳигарии Испанияи Нав ҳамроҳ карда шуд. Аз с. 1638 ба Белиз англисҳо ворид шуда, асосан бо истеҳсолу истихроҷи чӯби навъҳои боарзиши дарахтҳо машғул буданд. Барои дарахтбурӣ аз Африқо зиёд ғулом меоварданд. Дар натиҷа охири а. 18 онҳо ақаллияти аҳолиро ташкил мекарданд. Дар асрҳои 17–18 испаниҳо ба колонияҳои англисҳо зиёд ҳуҷум мекарданд. Ҳуҷуми охирини [[Испания]]ро дар соли 1798 аҳолии таҳҷоӣ бо ёрии Флоти Британия рафъ намуд. Баъди барҳам дода шудани ғуломдорӣ дар Белиз, чун дар дигар мустамликаҳо, баъди ба имзо расидани шартномаи Британия бо дав­латҳои Амрико, махсусан бо [[Гватемала]] (1859) ҳудудҳои Белиз муайян гардид ва он Гондураси Британия (Гондураси Британия) ном гирифт (1862). То соли 1884 Белизро губернатори Ямайка идора мекард. Соли 1945 Гватемала Белизро ҳудуди худ эълон кард. Соли 1950 Ҳизби иттиҳоди халқӣ таъсис ёфта, бо талаби озодии сиёсӣ додан ба Белиз баромад кард. Соли 1958 аз ҷониби аҳолии англиспараст, тоҷирон ва буржуазияи маҳаллӣ Ҳизби истиқлолияти миллӣ (ҲИМ) таъсис ёфта, он ғояи озодии Гондураси Британияро дар ҳайати Иттиҳоди Британия талқин мекард. Соли 1974 ҲИМ бо гурӯҳҳои сиёсии дигар муттаҳид шуда, Ҳизби иттиҳоди демократиро (ҲИД) ташкил кард, ки дар натиҷа Гондураси Британия соли 1954 истиқлолияти нисбӣ ва соли 1964 истиқлолияти комилро соҳиб гашт ва соли 1978 номи Белизро гирифт. 21 сентябр 1981, ки Белиз охирин мустамликаи Британия дар Амрико буд, соҳиби истиқ­лолияти давлатӣ дар чорчӯбаи Иттиҳоди Британия гардид. Мувофиқи Шартномаи байни Белиз ва Британия Белизро лашкариёни англис ишғол карда, то соли 1994 он ҷо буданд. Соли 1999 Гватемала гарчанде истиқлолияти Белизро эътироф карда буд, боз ҳам мехост як қисми ҳудуди онро соҳиб шавад. Соли 2002 бо миёнаравии Ташкилоти давлатҳои [[Амрико]] онҳо ба мусолиҳа омада, сарҳадҳои байни Белиз ва Гватемала ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар баҳр муайян карда шуданд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Белиз"