Аббос Алиев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Вироиши 217.11.184.23 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки 95.142.88.193 анҷом дода буд
Сатри 18:
'''Аббос Алиев''' ҳамчун олими таърихшиноси мамлакатҳои Шарқ ҳанӯз дар солҳои сиюми асри гузашта ном бароварда буд. Асарҳои илмиаш «Таърихнигории Шарқи қадим» (соли [[1933]]) ва «Таърихи халқҳои Осиёи Миёна» (соли 1935) сазовор қадршиносӣ гардида, ба қарори коллегияи Нозироти маорифи ИҶШС ва комиссияи аттестатсионии [[Русия]] ба А.Алиев соли [[1947]] дараҷаи илмии доктори илми таърих дода шудааст. Солҳои мибаъда ӯ боз даҳҳо асару мақолаҳои илмӣ навиштааст. Ба қалами ӯ тарҷумаи зиёда аз 60 асари асосгузорони марксизм – ленинизм ба забони тоҷикӣ низ тааллуқ доранд.
 
==Хизмати таърихии А. Алиев==
тест
 
Аз ҳаёт ва эҷодиёти илмии А. Алиев чунин бармеояд,ки ӯ
 
- дар муборизаи инқилобии зиддиамирӣ хизмат намуда барои ҷорӣ намудани давлатдории шӯравӣ дар Ҷумхурии Халқии Бухоро хизмати арзандае намуда лоиқи мукофоти олӣ «Ситораи тилло»-ӣ ҶХБ гардидааст;
 
- аз байни тоҷикон ӯ яке аз аввалин аъзоени ҳизби коммунист (аз соли 1917) буда то охири умр ба ғояҳои он содиқ мондааст ва дар фаъолияти хеш онро амалӣ намудааст;
 
- ӯ аввалин Вазири маорифи Тоҷикистон буд ва дар тартиб додану амалӣ намудани нахустин Қонуни маориф - Деклартсия «Дар бораи ҷорӣ кардани таҳсилоти умумумии меҳнаткашон» саҳми хешро гузоштааст;
 
- ӯ таъсисдиҳанда ва муҳаррири аввалин нашрияи вазорати маориф маҷаллаи «Дониш ва омӯзгор», инчунин рӯзномаи «Бедории тоҷик» мебошад;
 
- ӯ аввалин профессори тоҷике буд, ки дар нахустин мактаби олии Осиёи Миёна – Донищгоҳи Осиёимиёнагии ш. Тошканд (1933-1935) дарс дода соҳиби чунин унвони олии илмӣ гардидааст;
 
- ӯ авалин шахсест, ки аз байни олимони тоҷик барои саҳми илмиаш дар ҷодаи таърих соҳиби дараҷаи олии илмӣ - доктори илм шудааст.
 
Ҳаёт ва фаъолияти ибратомӯзи вазири аввалини маорифи Тоҷикистон, нахустин [[профессор]] ва доктори илм, омӯзгор '''Аббос Алиев''' – яке аз поягузорони давлати Тоҷикистон ва маорифи тоҷик абадӣ дар саҳифаҳои таърихи миллат боқӣ хоҳад монд.
==Пайвандҳои беруна ==
* [http://www.shakuri.tj/?t=41&c=4 Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ Аббос Алиев PDF]