Романи Ғуломон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: РОМАНИ «ҒУЛОМОН» Устод Айнӣ дар байни солҳои 1927—1930 романи «Дохунда»-ро таълиф намуд, ки о...
(бе тафовут)

Нусха 12:28, 14 апрели 2016

РОМАНИ «ҒУЛОМОН»

Устод Айнӣ дар байни солҳои 1927—1930 романи «Дохунда»-ро таълиф намуд, ки охирҳои соли 1930 дар азон ба табърасид. Дар таърихи адабиёти Осиёи Миёна бори аввал батаълифи асари типи нав — роман пардохтан аз адиб ҷустуҷӯҳои зиёди эҷодиро талаб менамуд. Роман аз панҷ қисм ва 124 бобиборат буда, ба таъсиси Ҷумҳурии ҳафтуми сотсиалистииТоҷикистон (1929) анҷом меёбад. Муҳити сиёсиву иҷтимоии қаҳрамонони «Дохунда» аз «Одина» вобаста ба вақту замон фарқмекунад. Ёдгор мубориз аст. Гулнор низ дар фаъолиятмандӣ аз Ёдгор қафо намемонад ва ҳар ду қаҳрамон ба мақсад мерасанд.Ҷолиби диққат аст, ки макони воқеаҳои қиссаи «Одина» варомани «Дохунда» сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон мебошад.Одина зодаи Қаротегин (водии Рашт) ва Ёдгор зодаи Кангурт(минтақаи Кӯлоб) мебошанд. Устод Айнӣ ба ин мавзеъҳо сафарнакарда буд. Вале масъулияти баланди ватандорӣ ӯро водорнамуд, ки айёми баррасии масоили миллӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи шӯравиро ба зиндагии тоҷикони кӯҳистон ҷалб намояд.

Воқеаҳои романи «Ғуломон»

Романи "Ғуломон" бошад, асосан дар зодгоҳи худи нависанда — ноҳияи Ғиждувони Бухоро мегузаранд. Аз ин рӯ, «барои ман навиштани ин китоби арзишнок осон буд» — қайд кардааст С.Айнӣ «Ғуломон» аз панҷ қисм иборат буда, бори аввал ба забони тоҷикӣ соли 1935 ба табъ расидааст. Ин асари ҳаҷман бузург аз манзараҳои ғуломфурӯшии ибтидои асри ХIХ сар шуда, то соли 1933 давом мекунад ва воқеаҳои таърихии зиёда аз 100-соларо дар бар мегирад. «Ғуломон»-и С.Айнӣ романи мӯҳташам (эпопея) мебошад, зеро дар он воқеа ва иштироки персонажҳо то ҳадди аъло инкишоф меёбад. Дар «Ғуломон» образхои бисёре амал мекунанд, вале қаҳрамони марказии асар халқ мебошад. Хатти сужети асар дар асоси амалиёти як авлоду се насл фароҳам омадааст. Дар сари насли аввал Раҳимдод ном Ғулом қарор дорад, ки ӯро соҳибонаш дар 7-солагӣ Неқадам ва дар пиронсолӣ Бобоғулом ном мебаранд. Насли дуюмро писари Раҳимдод — Эргаш ва насли сеюмро писари Эргаш — Ҳасан намояндагӣ мекунанд. Насли аввал

Ба насли якум Ғуломон ва канизакони бисёре, мисли Ашӯри ҷасур, Фарҳод, Ҳошим, Очил, Зебо, Гулсум шомиланд, ки асосан дар қисми якуми роман фаъолият доранд. Дар саргаҳи ин насл Раҳимдод меистад. Раҳимдод ҳафтсола буд, ки ӯро дастаи ғоратгарони Абдурраҳмон сардор аз Ҳирот ҳамроҳи бист нафари дигар ба асирӣ мегиранд ва ба ӯ номи дигар — Неқадам дода, ба ғуломҷаллоби хевагӣ — Муҳаммад Каримбой мефурӯшад. Каримбой дар саройи Пойи остонаи Бухоро Неқадамро ба 40 тангаи тилло ба Абдурраҳимбойи шофиркомӣ мефурӯшад. Лаҳзаи ба банди дасти Неқадам пахш кардани тамғаи тафсон ниҳоят муассир ва ҷонгудоз аст: «Набиполвон Неқадамро пуштнокӣ ба замин хобонид, ду кафи дасти ӯро бо поҳояш ба замин пахш кард. Қалмоқоим пойҳои ӯро пахш карда нигоҳ дошт. Пас аз он Набиполвон тамғаи тафсондаро аз думчааш бо анбӯр бардошта ба банди дасти Неқадам пахш кард. Бача бо ҳавли ҷон чирросзанон фарёди ҷонгудозе баровард... Пас аз он нафасаш ба дарун афтод... Пас аз қадре осуда шудагӣ барин шуд... Бача аз ҳуш рафта буд... Набиполвон тамғаи ба дасти бача часпида мондаро чунонки мӯҳри ба сурғучи гудохта пахш кардашударо бардоранд, бо зӯр канда гирифт. Ҷойи доғшудаи дасти бачаро Қалмоқоим намади сӯхта пахш кард.

Бо ҳамин амалиёт Неқадам ҳам ба қатори молҳои ҳеҷ гум нашаванда ва барҳам нахӯрандаи тамғадори бой даромад». Неқадами хурдсол аз пагоҳ то бегоҳ хизмат мекард ва азоби ҷонгудози ғуломиробо сабру тоқат аз сар мегузаронд. Мувофиқи муоҳидаи сулҳе, ки соли 1868 байни аморати Бухоро ва давлати Русия баста шуда буд, бояд ҳамаи ғуломон ва канизакони аморати Бухоро то соли 1880 «озод» мешуданд. Баробари дигар ғуломони Абдурраҳимбой Неқадам низ «озод» мешавад ва баъд Гулсум ном канизакро ба занӣ мегирад. Бобоғулом баъди «озод» шудан ҳам ҳамроҳи Гулсум дар хонаи Абдурраҳимбой кор мекунад. Вақте ки аз заъфи пирӣ

дигар аз ӯҳдаи ягон кор баромада наметавонад, писари Абдурраҳимбой ба Гулсум чунин таъкид мекунад: «Ба Бобоғулом гӯй, ки акнун барои худ ҷойи дигаре ёбад. Мо дар ин гуна қахтсолӣ шумоёнро парво карда наметавонем». Чунин муомилаи сангдилонаи бой ба ӯ таъсири бад мерасонад ва ба бистари беморӣ меафтад. Бобоғулом дигар аз беморӣ намехезад ва дар «деҳаи Қараяғоч дар кӯчаи «ғуломон» дар даруни як хоначаи пастаки похсагини тангдар» вафот мекунад.

Дар роман ҳангоми хукмронии ҳукумати подшоҳии рус расман манъ шудани ғуломӣ, вале дар шакли дигар давом кардани он дар мисоли образи Раҳимдод (Неқадам, Бобоғулом) ва ғуломоне мисли ӯ моҳирона тавсир ёфтааст.