Ҷонибеки Акобир: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 10:
'''Ҷонибеки Акобир''' — [[нависанда]], [[тарҷумон]], [[Нависандаи халқии Тоҷикистон]], узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1984)
== Зиндагинома ==
'''Ҷонибеки Акобир''' [[5 ноябр]]и соли [[1952]] дар деҳаи Рӯшании [[ноҳияи Дарбанд]] (собиқ Комсомолобод) ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаб-интернати №2 шаҳри [[Душанбе]] гирифта, баъди адои хизмати ҳарбӣ факултаи таърихи [[Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон\\ро (1986) хатм кардааст. Муддате коргари фабрикаи қаннодии «Ширин», баъдан мусаҳҳеҳи нашриёти «Ирфон» (1971-1978), мухбири ТоҷикТА (1978-1980), мухбири [[рӯзнома]]и «Маданияти Тоҷикистон» (1980-1983), корманди ҳафтаномаи «[[Адабиёт ва санъат]]» (1983-1985) ва [[журнал]]и «Садои Шарқ» будааст. Соли 1992 дар Дафтари матбуоти Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, соли 1993 дар вазифаи [[сармуҳаррир]]и моҳномаи «[[Фарҳанг]]» кор карда, аз соли 1997 то дами фавташ (2014) сармуҳаррири моҳномаи «Садои Шарқ» будааст.
== Эҷодиёт==
Оғози фаъолияти эҷодии ӯ ба миёнаи солҳои ҳафтодуми асри гузашта рост омада, силсилаи ҳикоёти ӯ дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Дунё ба умед» (1983), «Хирмани ситора» (1985), «Кӯҳистонӣ» (1987), [[қисса]]и «Бозии тақдир» ва [[ҳикоя]]ҳои наваш дар [[китоб]]и «Пазмонӣ» (1990), «Оҳанги дареғ» (2003) ва «Қаламҳои кӯҳистонӣ» (2012) манзури ҳаводорони каломи бадеъ гардидаанд. Асарҳои алоҳидаи Ҷонибеки Акобир ба забонҳои русӣ, украинӣ, [[ӯзбак|ӯзбек]]ӣ, [[қазоқ]]ӣ, [[қирғиз]]ӣ, [[олмон]]ӣ, [[ветнам]]ӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд. Тарҷумаи қиссаи И.Тургенев «Фауст», [[ҳикоя]]ҳои алоҳидаи А.Шукшин, новеллаҳои чехӣ, [[афсона]]ҳои маҷорӣ, силсилаи ҳикояҳои адиби югославӣ И.Андрич, қиссаи нависандаи румин И.Биэшу «Майор ва марг», [[роман]]и П.Проскурин «Решаҳои урён» ба [[қалам]]и ӯ тааллуқ доранд.