Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х иловаи иттилоот
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
имло, танзим
Сатри 1:
'''Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон''' - Муассисаҳои эҷодии адибони Тоҷикистон мебошад. Он [[соли 1934]] бо номи '''Иттифоқи нависандагони ҶШС Тоҷикистон''' ташкил шудааст. Аввалин раиси он [[Саид Носир]] будааст. Баъдан, дар ин мақом - [[АҳмедбекАҳмадбек Мавлонбеков]], [[Абдусалом Деҳотӣ]], [[Сотим Улуғзода]], [[Мирзо Турсунзода]], [[Мӯъмин Қаноат]], [[Аскар Ҳаким]] ва [[Меҳмон Бахтӣ]] раисӣ кардаанд.
Шоир [[АбдулқосимАбулқосим Лоҳутӣ]] дар замони таъсиси Иттифоқ Раиси фахрии он таъин шуда будааст.
 
== Таърих ==
Иттифоқи нависандагон аз ташкилотҳои бозмонда аз даврони Шӯравӣ аст, ки аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешавад. Дар замони Шӯравӣ таблиғи ғояҳои коммунистӣ яке аз самтҳои аслии фаъолияти иттифоқи нависандагон маҳсуб меёфт. ИНТ ҷузъи таркибии Иттифоқи нависандагони СССР буд. ИНТ маи 1934 дар Съезди I нависандагони Тоҷикистон ташкил ёфт. То ин вақт Ассотсиатсияи нависандагони пролетарии Тоҷикистон вуҷуд дошт, ки [[11 январ]]и [[1931]] таъсис шуда буд. 10 июни 1932 КМ ПК(б) Тоҷикистон дар бораи ба ҳаёт татбиқ намудани қарори КМ ВКП (б) «Дар бораи азнавсозии ташкилотҳои адабии эҷодӣ» чораҳо андешид: аз ҷумла таъсиси Бюрои Ташкилии Иттифоқи нависандагони шӯравии Тоҷикистон пешбинӣ шуд. Дар ҳайати бюро 10 адиб бо роҳбарии С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ дохил буданд. Муттаҳид шудани қувваҳои адабӣ дар як ташкилот ба инкишофи эҷодӣ ва ғоявии нависандагон имкон дод. Методи эҷодии нависандагони Тоҷикистон, ба мисли тамоми нависандагони шӯравӣ, методи реализми сотсиалистӣ буд. Солҳои ҶБВ бисёр нависандагони тоҷик дар сафҳои Армияи Шӯравӣ буданд; 40 наф. бо ордени Ситораи Сурх, 8 наф. бо ордени Ҷанги Ватанӣ мукофотонида шудаанд, 4 наф. қаҳрамонона ҳалок гардиданд.
 
Органи олии роҳбарикунандаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - Анҷумани ИТН (номи аввалааш, съезди ИТН), органи иҷроия Раёсат мебошад. Раёсат аз ҳайати худ Президиум ва Котиботи ИНТ интихоб мекунад, ки онҳо тамоми корҳои ҷории ташкилӣ ва эҷодиро анҷом медиҳанд. Аввалин раиси Правления ИНТ [[Абулқосим Лоҳутӣ]] буд. Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон соли 1934, дувум соли 1947, севум соли 1954, чорум соли 1959, панҷум соли 1966, шашум соли 1971, ҳафтум соли 1976, ҳаштум соли 1981, нуҳум соли 1986, даҳум соли 1991, ёздаҳум соли 1997, дувоздаҳум соли 2003, сездаҳум соли 2009 баргузор гардида, ҷараёни адабиётро ба маҷрои дархури замону ҷомеа ворид овардаанд.
 
Анҷумани якуми нависандагони Тоҷикистон соли 1934, дувум соли 1947, севум соли 1954, чорум соли 1959, панҷум соли 1966, шашум соли 1971, ҳафтум соли 1976, ҳаштум соли 1981, нуҳум соли 1986, даҳум соли 1991, ёздаҳум соли 1997, дувоздаҳум соли 2003, сездаҳум соли 2009 баргузор гардида, ҷараёни адабиётро ба маҷрои дархури замону ҷомеа ворид овардаанд.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар солҳои гуногун Саид Носиров (1934- 1935), Аҳмадбек Мавлонбеков (1935-1937), [[Сотим Улуғзода]] (1944-1946), [[Мирзо Турсунзода]] (1946-1977), [[Мӯъмин Қаноат]] (1977-1991), [[Аскар Ҳаким]] (1991-2003) ва [[Меҳмон Бахтӣ]] (аз 2003 то 2015) раисӣ кардаанд.
Раисии Кумитаи нави ташкилотии Иттифоқи нависандагонро дар солҳои 1938-1939 [[Абдусалом Деҳотӣ]], дар солҳои 1940-1944 [[Мирзо Турсунзода]] бар уҳда доштаанд.<ref> Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 9 ISBN 978-99947-2-379-9 </ref>