Заргарӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Заргарӣ
 
х таҳрир
Сатри 5:
Дар шаҳрҳои [[Бухоро]], [[Самарқанд]], [[Хуҷанд]], [[Истаравшан]], [[Ҳисор]] касби заргарӣ хеле рушд ёфта буд. Дар аксари шаҳрҳои калон заргарон дукону растаи худро доштанд, ки он ҷо ҳам макони зист ва ҳам ҷои фаъолияти онҳо буд. Дар Бухоро дар гузари Токи Заргарон ҳамаи устохонаҳо ва дуконҳои заргарони шаҳр ҷойгир шуда буданд. Тибқи иттилои О.А. Сухарева, дар ибтидои асри ХХ дар Бухоро тақрибан 400 нафар заргарон зиндагӣ ва фаъолият мекардаанд. Дар қатори мардҳои заргар баъзан занҳову духтарони онҳо низ дар хонаҳои худ ба кори заргарӣ машғул мешуданд.
 
Дар заргарӣ амалҳои [[рехтагарӣ]], [[кандакорӣ]], [[ҳаккокӣ]], [[заробӣ]], [[сайқалдиҳӣ]], [[ҳаллоҷӣ]] ([[тунуккунӣ]]), [[ҳалдавонӣ]] ва ғайра истифода мешаванд. Амали аз маъданҳои дигар ҷудо кардани нуқраю[[нуқра]]ю тиллоро[[тилло]]ро дар [[Бухоро]] ''«гаҳбандӣ»'' меномиданд. Фулузи интихобшударо бо [[болға]] дар болои сандон то ба ҳамвор шуданаш мекӯфтанд. Ҳар як [[усто]] барои нақшу нигор ва ороиш дар фулузи ҳамворшуда қолибҳои гуногун доштанд, ки ба воситаи онҳо нақшҳои барҷаста мегузоштанд. Омехтаи дигар фулузот бо тилло натиҷаи хуб намедод ва он зудшикан шуда, барои нақшгузорӣ мувофиқ набуд. Хӯлаи ягонаи барои ин кор созгор хӯлаи тиллову нуқра ба ҳисоб мерафт, ки онро «тиллои ҷурғотӣ» меномиданд. Хӯлаи «тиллои ҷурғотӣ» аз 4/5 ҳисса нуқра ва 1/5 тиллои тоза таҳия мешуд, ки ранги он зарди паст буда, тобишҳои ҳар ду металлро дар бар мегирифт. Дар кори заргарон омехтаи нуқра бо мис низ истифода мешуд, ки тақрибан дар охирҳои асри ХIХ дар натиҷаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Русия ба вуҷуд омада буд.
Заргарон дар истеҳсоли маснуоти бадеӣ (зару зевар, асбобу ашёи рузгор, либосу аслиҳаи чангӣ) аз фулузот: тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, оҳан ва ғайра; аз сангҳои гаронбаҳову ранга: лаъл, ёқут, фирӯза, зумурад, лоҷувард, каҳрабо, булури куҳӣ, ҷамаст, яшм, ақиқ ва монанди инҳо; аз маводи табиӣ: устухони фил, садаф, марворид ва чанде дигар истифода мекунанд. Маснуоти сохтаи заргарон: ангуштарин, гӯшвор, зеби гардан, болои абрӯ (қоши тилло), каҷак, бозубанд, дастпона, ҳайкал, тӯмор ва амсоли инҳо аз ҷумлаи зеварҳои маъмулии занҳои тоҷик мебошанд. Заргарони Бухоро дар сохтани камарбандҳои васеи мардона, ки асосан бо фирӯзаву марворид хотамкорӣ мешуданд, шуҳрат ёфта буданд.
Сатри 19:
Заргарони Ҳисор шаддаи марҷонро бо панҷаҳои нуқрагини кандакоришуда, ки аз шаш то дувоздаҳ донаанд, ороиш медоданд. Дар байни муҳраи марҷон киштӣ ё туморро бо нақшу нигори қолибӣ ё кандакорӣ аз нуқра месохтанд. Инчунин байни ҳар қисми марҷонҳо тангаҳои нуқрагини сиккаи Бухоро истифода мешуд, ки онро ҳамели танга меномиданд. Аз мӯҳраҳои гарди хазина чун шаддаи марҷон бо шакли ромб оро медоданд ва шакли хурди ин муҳра хафабанд (гулӯбанд) ном дошт.
 
[[Ҳалқа]] ороиши серистеъмоли занон ва духтарони ин диёр ба шумор меравад. Аммо то охирҳои асри ХIХ ба гӯши яккаписарон, яъне аз оилаҳое, ки фақат як фарзанди писар доштанд, якто ҳалқаи нуқрагин меандохтанд. То замони оиладоршавиаш писар онро овехта мегашт ва ақидае буд, ки гӯё ин ҳамчун тилисме буд ӯро аз бадиҳо нигоҳ медошт.
Гӯшворҳое, ки то охирҳои асри ХIХ дар Ҳисор истифода шудаанд, инҳоянд: гӯшвори Муҳаммадӣ, ки он аз Бухоро оварда мешуд; гӯшвори сеғузагаи аз нуқра, ё тилло сохташуда, ки почакҳои он бо марҷон оро дода мешуданд; гӯшвори зирак, ки аз фулузи нуқра сохта мешуд; гӯшвори саригӯшии аз нуқра сохташуда, ки ба гӯшвори оддӣ хеле монанд буда, бо он фарқ мекард, ки бо занҷираи зебо ва сангҳои гуногун ороиш меёфт. Инчунин бисёр гӯшворҳо ба монанди якадур, гӯшворҳои қафасин, қубадор, сепочина, панҷпочина ва балдоқ аз тилло сохта мешудаанд.
 
[[Ангуштарин]] бештар аз нуқра тайёр карда шуда, дар байни аҳолии шаҳри Ҳисор чун ороиши асосӣ дар истифода буданд. Тибқи ақидае, бояд ҳар як зани мусулмон дорои якто ангушттарини нуқрагин бошад, ки гӯё он нишонаи «ҳалолии дасти занон» ҳисоб мешудааст. Ангушттаринҳо бо як ё дуто нигин ороиш дода мешуданд. Нигинҳои ангуштаринҳо бештар аз сангҳои рангаи фирӯза, сердолик, анора, лаъл интихоб мешуданд.
Ба ғайр аз гӯшвору ангуштарин инчунин бозубанд, тумор ва дастпонаҳо аз нуқра сохта шуда ва бо усули ислимӣ хеле зебо нақшгузорӣ мешудаанд. Бозубанд, дар бозу баста шуда, барои нигоҳ доштани аз чашми бад ва балоҳо ба кор мерафт. Туморҳо низ вазифаи ҳимоятӣ доштанд. Онҳо дорои шакли секунҷа буда, овезаҳои бисёр доштанд ва бо сангҳои гуногун оро дода мешуданд. Туморҳоро бештар қолабрезӣ мекарданд.
 
Сатри 29:
[[Сарсӯзан]] – ороиш барои рӯймоли сари арӯсону занҳо ба шумор меравад. Он аз сӯзани калони нуқрагин иборат буда, бо занҷираҳои зебо оро дода шуда, бо пончаҳо ё сангҳои гуногун, ки дар охири занҷираҳо пайваст аст, сохта мешудааст. Сарсӯзанро то ибтидои асри 20 ҳамаи занон ва арӯсон истифода мебурданд.
[[Пешовез]] зевари пеши барро барои арӯсон аз нуқра бо қубаҳои кандакоришуда тайёр менамуданд, ки ин қубаҳо аз ду тараф сӯрохии сӯзангузар доштанд. Пешовезро аз матоъи сиёҳ ба шакли шероз то 1м дарозӣ, ва барашро 20 см бурида, аз ду тарафи ин матоъ кубаҳоро мечаспониданд ва бо тугмаҳои садаф қатор-қатор пешовезро оро медоданд.
Намунаҳои маснуоти ороишии тавсифшуда дар осорхонаҳои шаҳрҳои Душанбею Ҳисор ва дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ то ба имрӯз нигаҳдорӣ мешаванд. Дар давраи муосир ҳам санъати заргарии тоҷикон рушду такомул дорад. Дар давраи шӯравӣ заргарон дар корхонаҳои истеҳсолии давлатӣ кор мекарданд ва як қисми маснуоти сохтаи онҳо ба хориҷ аз ҷумҳурӣ содир мешуд. Имрӯзҳо низ маҳсулоти заргарӣ дар ҳудуди кишвар талаботи зиёд дорад. <ref> Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 35 - 40.</ref>
== Адабиёт ==
Сатри 38:
<references/>
[[Гурӯҳ:Тарзи истеҳсолот]]
[[Гурӯҳ:Касбҳои куҳан]]