Сотим Улуғзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
AryanSogd (баҳс | ҳисса)
Ботили нусхаи 767191 аз тарафи Yahyoev Abdurahmon (Баҳс)
Сатри 15:
== Эҷодиёт==
С Улуғзода бо ҳамкории донишҷӯйи факултети шарқшиносии Университети Тошканд Понов повести “Сом ва Дик” –и М.А.Алексеевро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума намуд ва ин тарҷума бо кӯшиш ва дастгирии устод Айнӣ ба нашр расид. Бадҳо С Улуғзода ин соҳаро бо муваффақият идома дод ва чун сермаҳсултарин тарҷумон дар адабиётӣ садаи асри XX тоҷик эътибор пайдо кард. Тарҷумаҳои С Улуғзода, аз ҷумла асарҳои Э.Л.Войнич “Занбӯр” (1931), В.Билл – Белосековский “Ҳаёт даъват мекунад” (1935), Н.Погодин ва “Одами милтиқдор” (1940), А.Н.Островский “Гунаҳгорони бе гуноҳ” (1945), М.Горкий “Модар” (1953), Шекспир “Дон Кихот” (1974), Ч.Айтматов “Қуллаи Фудзияма” ҳоло ҳам аз беҳтарин тарҷумаҳо дар адабиёти тоҷик мебошанд.
С Улуғзода ҳанӯз аз солҳои 30 – ба тадқиқи осори намояндагони шинохтаи адабиётӣ сеҳазорсолаи тоҷик таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ӯ чун узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) асару мақолаҳои зиёд таълиф намуда дар инкишофи адабиётшиносии тоҷик саҳми муносиб гузоштааст. Як қатор мақолаҳои олим, аз ҷумла “Лоҳутии мо” (1933) “Анҷумани якуми нависандагони шӯрои Тоҷикистон” (1934), “Садриддин Айнӣ” (1935), “Дар бораи широни Помир” (1935), “Барои асарҳои саҳнавии олисифат” (1947), “Дар бораи баъзе масъалаи танқиди адабӣ ва адабиётшиносӣ дар республика” (1954), ба адабиётшиносии даври нави тоҷик бахшида шудаанд. Ҳамчунин С Улуғзода оид ба рӯзгор ва эҷодиёти шахсиятҳои барҷастаи фарҳангӣ, чун Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носир Хусрав, Аҳмади Дониш, ассару мақолаҳои пурқиммат таълиф намудааст. Рисолаҳои “Аҳмади Дониш” (1946) ва “Пири ҳакимони машриқзамин” (1980) дорои қиммати калони илмӣ мебошанд. Мақоми С Улуғзода дар таърихи ажабиётиадабиёти давраи нави тоҷик чун нависанда драматург басо баланд аст.
 
== Насри бадеии Улуғзода ==