Риёз: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х VASHGIRD moved page Эр-Рияд to Ар-Риёз: Унвони нодурусти мақола
No edit summary
Сатри 1:
Ар-Риёз (маънояш боғ, гулзор), шаҳр, пойтахти Арабистони Саудӣ ва маркази маъмурии музофоти Арриёзӣ вилояти Наҷд. Аҳолиаш 4878473 нафар (2010). То соли 1960 Ар-Риёз ҳамагӣ 160 ҳазор сокин дошт. Яке аз шаҳрҳои гармта-рини олам (ҳарорати миёнаи январ +14,4, июл +36,6, баъзан то 50°С мерасад). Иқлимаш ниҳоят хушк, миқдори боришоти солона аз 100 мм беш нест. Ар-Риёз аз 15 ноҳияи маъмурии худидоракунии маҳаллӣ иборат буда, аз тарафи губернатори музофоти Ар-Риёз идора карда мешавад. Даромади зиёди нефт Ар-Риёзро ба шаҳри фавқулзамонавӣ ва сераҳолӣ табдил дод. Ар-Риёз дар гузашта номи мавзеи паҳновар ва сабзу хуррами маркази нимҷазираи Арабистон буда, баъдтар танҳо як қисми аҳолинишини он ба шаҳри Ар-Риёз табдил ёфт. Соли 1818 Ар-Риёз аз тарафи Империяи Усмонӣ торумор гашт. Соли 1823 асосгузори давлати Саудии Сонӣ – Туркӣ ибни Абдуллоҳ давлатро аз нав эҳё ва Ар-Риёзро ба сифати пойтахти нав интихоб намуд. Мухолифатҳои байни наберагони Туркӣ давлатро хароб карданд ва он соли 1891 ба дасти рақибашон Ар-Рашид гузашт. Соли 1902 Ар-Риёз ба дасти шоҳ Абдулазиз ибни Сауд расид ва ӯ ба бунёди Шоҳигарии Арабистони Саудии имрӯза пардохта, дар Ар-Риёз қароргоҳи худро бино кард. Пойтахти Арабистони Саудӣ аз соли 1932 ба таври замонавӣ бунёд мегардид ва тавсиа меёфт. Шаҳр ба ноҳияҳои маъмурӣ, дипломатӣ, истеҳсолӣ, маркази тиҷоратӣ (бо муассисаҳои вақтхушӣ, тарабхонаҳо), қисми аҳолинишин ва таърихӣ тақсим мешавад; боғоту гулгаштҳои дилнишин, маҷмааҳои варзишӣ ва истироҳатгоҳҳои замонавӣ дорад (ноҳияҳои Даҳран, Даммам, Ҷидда ва ғайра).
Эр-Рияд пойтахти [[Арабистони Сауди]].
 
Аҳолӣ: 4млн нафар
Ар-Риёз маркази сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии мамлакат буда, дар он корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳи оҳан, 4 аэропорти байналхалқӣ мавҷуд аст. Роҳи оҳан Ар-Риёзро бо шаҳрҳои Ҷидда ва Макка мепайвандад. Аз сохтмонҳои анъанавӣ хеле кам намунаҳо боқӣ мондаанд: Мураббаъ – девори атрофи шаҳр, қасри Ал-Масмак ва ғайра. Биною манораҳои мӯҳташами Ар-Риёз – Маркази шоҳ (99 табақа, баландиаш 300 м, масоҳати асосаш 9423 м2), маркази тиҷорат, Бурҷ-ал-Файсалия, манораи Ал-Аноуд (145 м) ва ғайра ҳайратоваранд. Соли 2009 сохтмони метрополитен оғоз гардид. Ар-Риёз осорхонаи миллӣ, академияи ҳарбӣ, Донишгоҳи шоҳ Сауд, донишкадаи олии техникӣ, пойгоҳи электрикӣ, манораи телевизионӣ (170 м), 4300 масҷид дорад.
 
Ар-Риёз маркази молиявӣ ва соҳибкории Шарқи Наздик мебошад: бонкҳо ва ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ дар ин ҷо намояндагӣ ва марказҳои худро доранд. Коргоҳҳои бузурги саноати нефт, технологияҳои олӣ, ширкатҳои сохтмонии шӯҳрати ҷаҳонидошта низ фаъолият мекунанд. Матбуоти даврӣ ба се забон: англисӣ, арабӣ ва урду нашр мешавад.
 
{{Пойтахтҳо Осиё}}
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Риёз"