Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Акадéмияи илмҳóи кишоварзи́и Тоҷикистóн''', АИКТ — муассисаи олии илмҳои кишоварзӣ. == Таъсис...
 
No edit summary
Сатри 1:
'''Акадéмияи илмҳóи кишоварзи́и Тоҷикистóн''', АИКТ — муассисаи олии илмҳои [[кишоварзӣ]].
== Таъсис ==
Соли 1991 таъсис ёфта, дар шаҳри Душанбе воқеъ аст. Ба ҳайати АИКТ 7 нафар узви пайваста, 9 нафар узви вобаста ва 2 нафар аъзои хориҷӣ шомиланд. Шумораи умумии кормандони АИКТ 1108 нафар (431 нафар кормандони илмӣ, аз он ҷумла 30 нафар доктор ва 124 нафар номзадҳои илм) мебошад (2010). Вазифаҳои асосии АИКТ: мусоидат намудан ба пешрафти илмҳои кишоварзӣ, истифодаи босамари дастовардҳои илмӣ дар амалия; тайёр кардани мутахассисони баландихтисос; дарёфти роҳҳои нави тараққии техникаи кишоварзӣ; такмили усулҳои пажӯҳиш бо мақсади баланд бардоштани самараи корҳои тадқиқотӣ; истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар истеҳсолоти кишоварзӣ; ба вуҷуд овардани навъҳои нави зироат, мева, зоти сермаҳсули чорво, занбӯри асал, кирмаки абрешим, паранда ва ғайра; рӯёндани навъҳои беҳтарини тухмӣ; таҳияи генофонди анвои маҳаллии зироат; ба вуҷуд овардани асосҳои илмии истеҳсоли хӯроки чорво, нигоҳубини ҳайвонот ва парандаҳо; ба роҳ мондани усулҳои за-монавии ҳифзи растаниҳо ва чорво аз беморию зараррасонҳо, пешги-рию табобати ҳайвонот, занбӯри асал ва парандаҳо аз касалиҳо; ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳое, ки ба воситаи ҳайвонот интиқол меёбанд; дарёфти асосҳои илмии истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳосилхез гардондани хок, пешгирии эрозия ва шӯрзании замин; ба вуҷуд овардани системаи мошинҳо барои кишоварзӣ ва ғайра. Дар таркиби АИКТ 9 муассисаи илмӣ, аз ҷумла 6 институти соҳавӣ (институтҳои хокшиносӣ, чорводорӣ, зироат, ветеринария, боғдорию сабзавоткорӣ ва иқтисодиёти кишоварзӣ), Корхонаи илмию истеҳсолии «Маводи биологӣ», Пойгоҳи таҷрибавии Помир, Маркази миллии ҷумҳуриявии захираи генетикӣ фаъолият доранд.