Академияи илмҳои тиббии Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 2:
 
== Таъсис ==
Бо Қарори Ҳукумати ҶТ 31 августи 2009 ташкил шудааст. АИТТ 12 муассиси тадқиқоти илмиро дар бар мегирад: Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва перинотология, Пажӯҳишгоҳи пешгирии бемориҳо, Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология, Маркази ҷумҳуриявии ил-мию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакон, Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва қафаси сина, Маркази ҷумҳуриявии илмии хун, Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии стоматологӣ, Маркази ҷумҳуриявии илмию таълимии ҷарроҳии барқарорсозӣ, Маркази ҷумҳуриявии илмии омосшиносӣ, Маркази тадқиқоти илмии дорусозӣ, Маркази ҷумҳуриявии масоили ғизо, Маркази миллии илмии пайванди узв ва бофтаҳои одам. АИТТ аз шӯъбаҳои илмҳои клиникӣ, илмҳои назариявӣ ва фармасевтӣ, аспирантура ва бахши илмию ташкилӣ иборат аст. Манзур аз ташкил намудани АИТТ ба роҳ мондани пажӯҳишҳо дар бахшҳои илмҳои назариявӣ ва амалӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои илмии соҳаи тандурустӣ, дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илми тиб, аз ҷумла усулҳои нави ташхис ва табобати бемориҳо, ташкили конгрессу анҷуманҳои илмӣ, муқаррар намудани самтҳои асосии инкишофи илми тиб, тайёр кардани мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тандурустӣ ва ғайра мебошанд. <ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. А-АСОС – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2012, - с.241 </ref>
 
== Аъзои АИТТ ==