Тошбой Бобоев: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 15:
=== Фаъолияти корӣ ===
Тошбой Бобобев дар [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин]] ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт (1963), ходими хурди илмӣ (1969), ходими калони илмӣ (1972), сардори бахши илмӣтаҳқиқотии УДТ (1974), мудири кафедраи физикаи умумӣ (1978; 1991–2010) ва дотсент (1989) кор кардааст.<ref>[[Энсиклопедияи Миллии Тоҷик]], Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.609-610 </ref>
===Фаъолияти илмӣ===
Профессор Бобоев Т.Б. яке аз асосгузорони равияи ҷадид илм - «[[Вайроншавии фотомеханикии полимерҳо]]» ба шумор меравад. Ин олими номвар қонунияти вайроншавии фотомеханикии полимерҳоро кашф карда, роҳҳои баланд бадоштани устувории полимерҳоро дар шароити фотомеханикӣ аз нуқтаи назари илмӣ асоснок намудааст. Ҳамзамон, Бобоев Т. машғули тадқиқотҳоест, ки бевосита ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тааллуқ доранд. Масалан, бо мақсади аз гидрогенсулфид ҳимоя кардани конструксияҳои филизӣ гурӯҳи илмии ӯ хамираи сангинеро пешниҳод намуд, ки дар сохтмони метрои шаҳри [[Тифлис]] ([[Гурҷистон]]) ва лӯлаҳои филизии интиқоли нафти [[Сургут]] ([[Россия]]) мариди истифода қарор гирифтанд. Солҳои 80-90-уми асри ХХ Тошбой Бобоев тарзи нави ҳосил кардани карбопластикҳоро, ки дар саноати авиатсионӣ ва ракетасозӣ истифода мегарданд, пешниҳод кард ва ин композитҳо мустаҳкамии зиёд дошта, ба таъсироти радиатсия устуворанд.