Қутбӣ Киром: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 10:
'''Қутбӣ Киром''' — [[шоир]], [[тарҷумон]], узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1963)
==Зиндагинома==
'''Қутбӣ Киром''' [[18 декабр]]и соли [[1932]] дар деҳаи Урметани ноҳияи Заҳматобод (ҳозира [[ноҳияи Айнӣ]]) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1953 факултаи филологияи [[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе]]ро хатм карда, муддате дар [[мактаб]]ҳои ноҳия омӯзгор ва дар [[рӯзнома]]и ноҳиявии «Роҳи коммунизм» ходими адабӣ будааст. Баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи [[моҳнома]]имоҳномаи «Шарқи Сурх», муҳаррири барномаҳои адабии Кумитаи давлатии садо ва симои Тоҷикистон буда, Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий ([[Маскав]])-ро ба поён расондааст. Муҳаррири калон ва мудири шуъбаи муассисаҳои нашаротии «Ирфон»-у «Адиб» будааст.Аз соли 1963 узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] аст. 26 октябри соли 1993 аз олам даргузашт.
==Эҷодиёт==
[[Шеър]]и аввалинаш соли 1957 дар журнали «Шарқи Сурх» чоп шуда, маҷмӯаи нахустини ашъораш «Парвози меҳр» соли 1963 интишор ёфтааст. [[Ашъор]]и дигари дар солҳои гуногун офаридаи ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Бӯйи [[нон]]» (1966), «Илҳом» (1968), «Рези [[кӯҳ]]сор» (1970), «Остони баланд» (1972), «[[Хок]]и пайвандӣ» (1974), «Камон» (1974), «Чашми [[дил]]» (1976), «Пули Сангин» (1980), «Ҷонфизо» (1980), «Сари баланд» (1982), «Ҷоми нур» (1983), «Дили бародар» (1986), «Субҳи содиқ» (1989), «Нишот» (1992), «Ёр меояд!», «Аз [[гул]]у хоку шуълаи оташ», «Оташи меҳр» ва «Минбари виҷдон» (2012) фароҳам омадаанд. Ҳамчунин, [[муаллиф]]и [[достон]]ҳои «Камон», «Антон», «Достони Лола», «Достони хоб», «Қуллаҳои ноаён», «Аввалин дидор», «Нафаси ошиқӣ», «Ҳарфи аввал», «Посбони мақбара», «Дафтари Порис» мебошад. Дар ашъораш хисоили ҳамидаи сарбаландию ҷавонмардӣ, инсондӯстию [[ватан]]парварӣ ва бардошти таҷрибаи рӯзгорро самимӣ ба тасвир овардааст. Дилбохтагони шоир ӯро ҳамчун марде маҳфилоро ва шоире хушқариҳа мешиносанду дар ёдҳояшон зинда медоранд. Муаллифи [[қисса]]и «Қатли Туғрал» (1984), драмаҳои «Тори муҳаббат» ва «Тири маломат», филмномаҳои «Бӯйи нон», «Чор тан дар пайроҳа», «Антон» ва ғ. мебошад. Ашъори ба русӣ баргардоншудааш дар маҷмӯаҳои «Напевы вершин» (1976), «Горный кряж» (1979), Мост времени» (1983) ва «Закон любви» (1985) ба чоп расидаанд. Иддае аз навиштаҳои ӯ ба дигар [[забон]]ҳо ҳам [[тарҷумаи бадеӣ дар адабиёт|тарҷума]] ва чоп шудаанд. Худи ӯ [[китоб]]и ашъори В. Шекспир, А.Блок, А.Мискевич, М.Лермонтов, Н.Некрасов, Л.Украинка, Ф.А.Файз, М.Карим, С.Вурғун, Зулфия, В.Костров ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст.