Аламхон Кӯчаров: Тафовут байни таҳрирҳо

No edit summary
'''Усмон БилолӣАламхон Кӯчаров''' — [[олим]], мунаққид, узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] (1997)
==Зиндагинома==
'''Аламхон Кӯчаров''' [[4 феврал]]и соли [[1946]] дар деҳаи Саричашмаи [[ноҳияи Шӯрообод]]и вилояти [[Хатлон]] ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми мактаб-интернат, соли 1964, донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики [[Донишгоҳи миллии Тоҷикистон|Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин]] шуда, соли 1969 ба итмом расондааст ва дар кафедраи [[адабиёт]]и [[тоҷик]]и Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба фаъолият пардохта, дар давоми солҳои 1969-1972 муаллим, солҳои 1972-1981 муаллими калон будааст. Солҳои 1972-1976 дар аспирантура таҳсил карда, соли 1978 рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1989-1991 ходими илмии [[Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҷумҳурӣ]] буда, соли 1997 дар мавзӯи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри [[Садриддин Айнӣ]]» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Моҳи сентябри ҳамон сол ба кафедраи назария ва адабиёти нави [[форси|форси]]и тоҷикии ДМТ ба кор омадааст. Солҳои 2002-2010 мудири кафедраи мазкур, ҳоло сарходими илмии ИТИ назди ДМТ мебошад. Аз соли 1997 узви [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] аст.
 
==Эҷодиёт==
[[Муаллиф]]и рисолаҳои «Тадқиқи текстологии «Одина»-и [[Садриддин Айнӣ]]» (1982), «Хусусиятҳои миллӣ ва интернатсионалии назми [[Мирзо Турсунзода]]» (1988), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (1994), «Нақди матни осори Садриддин Айнӣ» (2000), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ» (2002), «Адабиёти тоҷик» (дар ҳаммуаллифӣ, 2007), «Турсунзода: маҳорат ва садоқат» (2011), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи Садриддин Айнӣ» (2013), асарҳои бадеии «Сад [[рубоӣ]]» (2012), «Бобо ва набераҳо» (2013) ва зиёда аз сесад мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Оид ба паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти [[Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ]], [[Ибни Сино]], [[Ҳофизи Шерозӣ]], [[Мир Саййидалии Ҳамадонӣ]], [[Абдураҳмони Ҷомӣ]], [[Шамсиддини Шоҳин]], [[Садриддин Айнӣ]], [[Абулқосим Лоҳутӣ]], [[Мирзо Турсунзода]], [[Ҷалол Икромӣ]], [[Раҳим Ҷалил]], [[Мӯъмин Қаноат]], [[Лоиқ Шералӣ]], [[Ашӯр Сафар]], [[Қутбӣ Киром]], [[Саттор Турсун]], [[Абдулҳамид Самад]], [[Ҷонибеки Акобир]], [[Муҳаммад Ғоиб]] ва ғ. мақолаҳо навиштааст. Матни илмии интиқодии қиссаҳои «Одина» (1992) ва «Марги судхӯр» (2010)-и устод Айнӣ ва матни саҳеҳи рисолаҳои «Қуддусия» (1993), «Маърифати нафс» (1994) ва «Дарвешия» (2014)-и Мир Саййидалии Ҳамадониро ба табъ расондааст.