Тақсими кори байналмилалӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х иловаи гурӯҳ
Сатри 1:
'''Тақсимоти байналхалқии меҳнат''' (ТБМ) — Заминаи асосии муттаҳидшавии иқтисодиёти миллии давлатҳо ба хоҷагии ҷаҳонӣ ТБМ мебошад. ТБМТақсимоти байналхалқии меҳнат — ин раванди таърихии махсусгардонии давлатҳо[[давлат]]ҳо дар истеҳсолоти намудҳои муайяни [[маҳсулот]] мебошад, ки барои [[мубодила]] дар [[бозори ҷаҳонӣ]] ва қонеъ гардонидани талаботи худ дар намудҳои дигари маҳсулот равона карда шудааст. Иштирок дар ТБМ ба ҳар як давлат имконият медиҳад, ки талаботи худро ба маҳсулоти гуногун бо хароҷотҳои нисбатан кам қонеъ гардонад.

Тақсимоти байналхалқии меҳнат (ТБМ)
==Мафҳум ва моҳияти тақсимоти байналхалқии меҳнат (ТБМ)==
Заминаи асосии муттаҳидшавии иқтисодиёти миллии давлатҳо ба хоҷагии ҷаҳонӣ ТБМ мебошад. ТБМ ин раванди таърихии махсусгардонии давлатҳо дар истеҳсолоти намудҳои муайяни маҳсулот мебошад, ки барои мубодила дар бозори ҷаҳонӣ ва қонеъ гардонидани талаботи худ дар намудҳои дигари маҳсулот равона карда шудааст. Иштирок дар ТБМ ба ҳар як давлат имконият медиҳад, ки талаботи худро ба маҳсулоти гуногун бо хароҷотҳои нисбатан кам қонеъ гардонад.

ТБМ дар давраи пайдошавиаш яъне асрхои 17-18 ва то охирҳои асри 18 нимаи аввали асри 19 дар бартариятҳои табиӣ асос меёфт: фарқият дар шароитҳои иқлимию ҷуғрофӣ ва захираҳои табиии давлатҳои алоҳида самти махсусгардонии онҳоро дар истеҳсоли маҳсулоти гуногун муайян мекард. ТБМ бе мубодила вуҷуд дошта наметавонад. Бинобар ин асоси объективии мубодилаи байналхалқии маҳсулот, хадамот ва технология, инкишофи ҳамкории истеҳсолӣ, илми-техникӣ, тиҷорати байни ҳамаи давлатҳои ҷаҳон новобаста аз сатҳи тараққиёти иқтисодӣ ва хусусиятҳои сохтори иҷтимоӣ мебошад.

Мақсади асосии иштироки давлатҳо дар ТБМ новобаста аз фарқияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ кӯшиши онҳо барои ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ мебошад. Самарае ки мамлакатҳо ҳангоми иштирок дар ТБМ ба даст меоранд дар натиҷаи амали шудани қонуни арза ба даст оварда мешавад, ки он дар фарқияти байни арзиши миллӣ ва байналмиллалӣ асос меёбад.

Line 17 ⟶ 16:
Таъминоти баланди давлат бо як намуди захираҳои табиӣ ва инчунин таъминоти пасти он бо дигар намуди захираҳои табиӣ зарурияти иштироки фаъолонаи давлатро дар ТБМ талаб мекунад.
Г) Дараҷаи кушод будани иқтисодиёти миллӣ.
Бояд дар назар дошт, ки омилҳои номбаршуда дар зоҳирёбии худ мутлақ нестанд. Таъсироти онҳо ба ин ё он дараҷа кам карда мешаванд. Мисол: тағйирёбии рақобатнокии маҳсулоти давлат, маҳдудияти содирот ва ғайра. Асос дар раванди тараққиёти ТБМ дар он аст, ҳар як иштирокчӣ дар он манфиатҳои худро меҷӯяд.

Раванди тараққиёти ТБМ масъалаи баҳисобгирии ҳаҷм ва дараҷаи ТБМ-ро ба миён меорад. Нишондиҳандаҳои ТБМ инҳоянд:
1. Ҳиссаи умумии содирот дар ҳаҷми маҳсулоти умумии истеҳсолкардащуда;
2. Ҳиссаи умумии соҳа дар арзиши умумии содирот;
Line 26 ⟶ 27:
3. Коэффисиенти пешравии рушди гардиши тиҷоратӣ нисбати рушди умумии гардиши тиҷорати беруна.
Баъзе иқтисодчиён ба сифати нишондиҳандаҳои асосии тараққиёти ТБМ квотаи содиротӣ, воридотӣ, гардиши тиҷорати беруна, ҳиссаи давлат дар тиҷорати байналхалқӣ аз рӯи молҳои алоҳида, гардиши тиҷорати беруна ба ҳар сари аҳолӣ ва ғайраро истифода мешаванд.

Тақсимоти байналхалқии меҳнатро дар аввал тахминан ҳамчун ду манбаи ба ҳамдигар алоқаманд муайян кардан мумкин аст:
1)# «Содиротӣ»: ҳангоме, ки дар мамлакатҳо ва нохияҳои алоҳида хаҷми истеҳсолот аз талаботи дохилӣ барзиёд аст;
2)# «Воридотӣ»: вақте, ки аз ҳисоби воридоти маҳсулот хаҷми истеъмол аз имкониятҳои дохилии истеҳсолӣ зиёд мешавад.
==Назарияҳои асосии ТБМ==
Назарияхои ТБМ аз давраҳои пеш дар тадқиқотхои олимони иқтисодшинос, ба монанди А.Смит ва Д. Рикардо инъикос ёфта буданд. А.Смит дар тадқиқоти худ «Тадқиқот оиди табиат ва сабабҳои боигарии халқҳо» зарурияти тиҷорати озодро исбот мекард. Ба фикри вай маҳдудиятҳои гуногун дар роҳи тиҷорати озод ба ташаккулёбии тақсимоти меҳнат байни минтақаҳои алоҳида ва давлатҳо монеа мешавад. Бартарафкунии ин монеаҳо ва васеъкунии мубодилаи байналхалқи бояд ба махсусгардонии иқтисодхои милли ва шиддат ёфтани алоқамандии тарафайни онҳо оварад, ки он дар натиҷа ба инкишофи хоҷагии ҷаҳонӣ меоварад. Ғояҳои А. Смитро дигар олимони машҳури иқтисодшинос ба монанди Д.Рикардо, Р. Торенс, Д. Милл давом додаанд. Дастоварди асосии классикон дар назарияи илмии ТБМ назарияи бартариятҳои нисбии Д. Рикардо мебошад. Асоси ин назарияро фарқиятҳои табиии иқтисодиёти миллии мамлакатҳо, яъне фарқиятҳои ҷуғрофӣ ва иқлимӣ, ташкил медиҳанд. Як гурӯҳи давлатҳо бояд саноатро инкишоф диҳанд, дигар гурӯҳи мамлакатҳо бошад дар истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва ашёи хом махсус гардонида шаванд. Мубодилаи мутақобилаи маҳсулот ба баландшавии сатҳи некуаҳволии ин давлатҳо меоварад.
Line 50 ⟶ 52:
==Шаклҳои асосии ТБМ==
ТБМ дорои сохтори дохилӣ ва усулҳои тараққиёти худ мебошад. Ду шакли асосии ТБМ-ро ҷудо мекунанд:
1.# Махсусгардонии байналхалқии истеҳсолот;
2.# Кооператсияи байналхалқии истеҳсолот.

Махсусгардонии байналхалқии истеҳсолот дар ду самт ташаккул меёбад - истеҳсолӣ ва минтақавӣ. Дар навбати худ самти истеҳсолӣ ба чунин қисмҳо тақсим мешавад:
* махсусгардонии байнисоҳавӣ;
Line 57 ⟶ 60:
* махсусгардонии корхонаҳои алоҳида.

Махсусгардонии минтақавӣ бошад ба чунин намудҳо тақсим мешавад:
-* давлатҳои алоҳида;
-* гурӯҳи давлатҳо;
-минтақаҳо.

Ба сифати шаклҳои асосии махсусгардонии байналхалқии истеҳсолот истифода мешаванд:
Line 72 ⟶ 75:
* мукаммалгардонии идоракунии истеҳсолот.
# Ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ.
#* Хизматрасонии баъди фурӯш ;
Инчунин се усули асосии бароҳмонии муносибатҳои кооператсиони мавҷуданд:
-амалигардонии барномаҳои муштарак;
Line 117 ⟶ 120:
ШФ як навъ қувваи муосири ҳаракатдиҳандаи хоҷагии ҷаҳонӣ буда онро ба бозори ягонаи мол, хадамот, сармоя, қувваи корӣ ва технология мубаддал намудааст. Раванди ба бозори ягонаи мол, хадамот, сармоя, қувваи корӣ ва технология мубаддал гардидани хоҷагии ҷаҳониро умумибашаригардонӣ меноманд. Моҳиятан ин раванд дараҷаи нисбатан баланди байналмиллалигардонӣ ва инкишофи минбаъдаи он ба ҳисоб меравад. Яъне дар замони муосир хоҷагии ҷаҳонӣ ба бозори ягона барои 10-ҳо ҳазор ШФ мубаддал гардида ҳамаи минтақаҳо барои фаъолияти онҳо кушода мебошанд.

Мақсади ШФ-ҳои муосир дар боробари максимизатсияи фоида максимизатсияи бозор мебошад. Зеро дар акси ҳол рақибони хориҷӣ ҷои онҳоро, на танҳо дар бозорҳои хориҷӣ балки дар бозори миллӣ, забт карда мегиранд. Дар замони муосир бозорҳои ҷаҳонӣ бисёр намуди молҳо аллакай байни ШФ тақсим карда шудаанд: «Айбиэм» -бозори компютеру барномаҳои он, Эксон- бозори маҳсулоти нафт, Макдоналдз- бозори хурокворӣ, Форд ва Ҷенерал моторз –бозори мошинаҳои сабукрав ва варзиш. Ҳамин тариқ ҷиҳати дигари сиёсати максимизатсияи бозор шиддатёбии рақобати байналхалқӣ мебошад. Ин натиҷаи асосии раванди умумибашаригардонӣ мебошад. Азбаски он ба азбайнравии бисёр ширкатҳои миллӣ дар натиҷаи тоб наовардан ба рақобати шадид меоварад қисми зиёди одамон ба муқобили он баромад мекунанд.
== Нигаред ==

* [[Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ]]
==Адабиёти истифодашуда==
# Авдокушин Е.Ф. «Междунардные экономические отношения»: Учебник.-М.:Юристъ, 1999-368 с.
Line 124 ⟶ 128:
# Киреев А.П. Международная экономика. В 2-х ч.-Ч.1. учебное пособие для вузов.-М.: Междунардные отношения, 2000-416 с.
# Спиридонов И.А. Мировая экономика: учебное пособие.-М.:ИНФРА-М, 2000.-256с.

==Сарчашма==
* [http://www.medt.tj/ Сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон]

* [http://minfin.tj/ Сомонаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон]

[[Гурӯҳ:Макроиқтисод]]
[[Гурӯҳ:Мафҳумҳои иқтисодӣ]]